Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Суқути чархболи амрикоӣ дар Афғонистон


НХ

Нируҳои Амрико дар Афғонистон иттилоъ додаанд, ки дар натиҷаи суқути чархболи нируҳои эътилофӣ 8 сарбози амрикоӣ кушта, 14 нафари дигар маҷруҳ шудаанд. Чархболи Чинок-47 дар натиҷаи ғайричашмдошт аз кор афтодани мотораш дар 250 килуметрии ҷануби Кобул дар вилояти Зобул суқут кардааст.


Тибқи хабари дигаре аз Афғонистон, ин кишвар воридоти гушти мурғро барои ҷилавгирӣ аз зуккоми мурғӣ мамнуъ эълон кардааст. Соли гузашта дар чаҳор вилояти Афғонистон вируси ин беморӣ ошкор ва дар ин вилоёт ҳазорон парранда нобуд шуд. Даргузашти одамон аз сирояти ин беморӣ ба мушоҳида нарасид. Афғонистон аслан аз Покистон гушти мурғ ворид мекунад.
XS
SM
MD
LG