Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Фирдавсӣ киро ба порлумон мефиристад?


Аҳзоби сиёсии Тоҷикистон барои соҳиб шудан ба курсии холишудаи Маҷлиси намояндагони парлумони Тоҷикистон номзадҳои худро ба ҳавзаи интихоботии Фирдавсии шаҳри Душанбе пешниҳод карданд. То ба ҳол се ҳизби сиёсӣ: Ҳизби халқӣ-демократӣ, Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон ва Ҳизби демократи Масъуд Собиров конфронсҳои ҳизбии худро баргузор ва номзадҳояшонро мушаххас намуданд.

Ҳизби демократии Масъуд Собиров номзадии роҳбари ҳизбро пешниҳод кардааст. Масъуд Собиров, раиси расман аз сӯйи Вазорати адлия эътирофшудаи Ҳизби демократ гуфт, қаблан бо далели раҳбарияти заиф ҳизбаш натавонистааст дар маъракаҳои сиёсӣ ширкат кунад ва ин ҳол боиси дар ҷомиа коҳиш ёфтани обрӯи ҳизби демократи Тоҷикистон шудааст. Вай афзуд, дар ноҳияи Фирдавсии пойтахт аҳли маорифу илму фарҳанг зиндагӣ мекунанд, аз ин хотир номзадиашро дар ин ҳавза гузоштааст:

«Онҳо ки ба мафҳуми демократия хуб сарфаҳм мераванд, бовар дорам, ки онҳо моро хуб мефаҳманд ва овоз медиҳанд»

Дар ҳамин ҳол, ду ҷиноҳи дигари Ҳизби демократи Тоҷикистон пешниҳод шудани Масъуд Собиров, раиси расмии ин ҳизбро ба номзадии Маҷлиси намояндагон ғайриқонунӣ арзёбӣ мекунанд. Раҳматулло Валиев, муовини райиси Ҳизби демократи Муҳаммадрӯзӣ Искандаров гуфт, ҳизбаш ба ҳамин рӯзҳои наздик Вазорати адлияи Тоҷикистонро ба додгоҳ хоҳад кашид. Оқои Валиев гуфт, Вазорати адлия ғайриқонунӣ Масъуд Собировро раиси расмии Ҳизби демократи Тоҷикистон эьтироф кардааст. Ҳамчунин, алайҳи номзадии Масъуд Собиров, Саидҷафъар Усмонов, раиси ҷиноҳи дигари Ҳизби демократи Тоҷикистон далел пеш меорад. Вай мегӯяд, то ба ҳол Вазорати адлия посухи расмӣ ва ниҳоӣ ба ӯву ҷонибдоронаш надодааст. Вай гуфт, як идда кормандони Вазорати адлия аз номи ин вазорат ба манфиати Масъуд Собиров кор мекунанд.

Дар ҳоле, ки ҷиноҳҳои Ҳизби демократи Тоҷикистон сари номзади ҳизб аз мавқеъҳои мухолиф бархӯрд мекунанд, дигар аҳзоб низ номзадҳои худро пешниҳод кардаанд. Ҳизби халқӣ-демократии Тоҷикистон номзадии Муҳаммадалӣ Ватанов, собиқ муовини Додгоҳи Олии Тоҷикистонро, ки тайи тағйироти охири кадрӣ дар кишвар аз вазифа сабукдӯш шуд, пешниҳод кардааст. Мӯсо Асозода, раиси Дастгоҳи иҷроияи Ҳизби халқӣ-демократӣ гуфт, ҳизбаш танҳо ба хотири пирӯзӣ номзадашро пешниҳод кардааст:

«Тайёрии мо хеле хуб аст ва мо кӯшиш мекунем, ки номзади мо Ватанов дар ин ҳавза ғолиб барояд»

Ҳамчунин, Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, ки қаблан номзадаш дар интихоботи миёндавраӣ дар ҳавзаи Қубодиён мағлуб шуд, номзади дигарашро ба ҳавзаи интихоботии Фирдавсии пойтахт пешниҳод кардааст. Ҳикматулло Сайфуллоҳзода, раиси маркази таҳлилию иттилоотии Ҳизб гуфт, ҳизбаш номзадии Саид Умар Ҳусайнӣ, муовини раис ва яке чеҳраҳои саршиноси ҳизбро пешниҳод мекунад. Вай афзуд:

«Мо бовар дорем, агар тамоми талаботи институтҳои демократӣ агар риоя шаванд, номзадҳои мо, иншоаллоҳ, баранда хоҳанд шуд, бебаҳс. Акнун мо ба имону иродаи худи мақомоти интихоботӣ ва ҳукуматҳои иҷроия дар маҳал инро вобаста медонем».

Дар ҳамин ҳол, коршиносон бар онанд, ки муайян кардани сабаби ширкати аҳзоби оппозитсионӣ хеле мушкил аст.
Марат Мамадшоев, коршиноси сиёсӣ мегӯяд, шояд Ҳизби демократи Масъуд Собиров бо ширкат дар интихобот мехоҳад мавҷудияти худро дар саҳнаи сиёсии кишвар расмӣ кунад ва ё Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон пайи рекламаи худ бошад. Вагарна, мегӯяд оқои Мамадшоев, воқеият ба мисли рӯз равшан аст:

«Дар шароити имрӯза дар тамоми Тоҷикистон, хоҳ Суғд бошад, хоҳ Бадахшон ё Душанбе фақат як ҳизб имкони ғалаба кардан дорад ва ин ҳам Ҳизби халқӣ - демократӣ, ҳизби ҳукмрон»

Бо ин вуҷуд, коршиносон бар онанд, ки мешавад, як вазъи ғайри қобили пешбинӣ низ пеш ояд, ки дар маркази кишвар дар ҳузури намояндагони созмонҳои хориҷӣ ё ахбори умум як интихоботи шаффофу озод низ баргузор гардад. Зеро, мегӯянд онҳо, тақаллубкориҳо дар интихоботи Тоҷикистон кайҳо ба як воқеияти гузоришҳои созмонҳои бонуфузи ҷаҳон ва коҳиш ёфтани обрӯи байнулмилалии кишвар табдил ёфтаанд.
XS
SM
MD
LG