Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Буш ба тақвияти амалиёт дар Афғонистон даъват кард


Президенти Иёлоти Муттаҳида Ҷорҷ Даблю Буш аз эҳтимоли ҷангҳои шадид дар Афғонистон дар баҳори имсол ҳушдор дод ва мегӯяд, амалиёт дар Афғонистонро муҳимтарин вазифаи НАТО мебошад. Вай гуфт, кишварҳои Паймони Атлантики Шимолӣ бояд маҳдудиятҳои корбасти нирӯҳои худ дар Афғонистонро бекор кунанд ва онҳоро бо тамоми лавозимоти ҷанг таъмин намоянд.


Рӯйдодҳои соли гузаштаи Афғонистонро Буш "зарбаи ҷавобии интиқомҷӯёна" номид ва иқрор кард, ки бо вуҷуди дастовардҳои муҳим Толибону Ал Қойида дубора дар Афғонистон фаъол шудаанд.


Суханронии Буш дар созмони "Американ Энтерпрайз" бештар ба Ироқ марбут буд, вале ӯ афзуд, бо вуҷуди дар саргаҳи дастурикори амниятӣ қарор додани Ироқ, набояд Афғонистонро фаромӯш кард. Даъватҳои Буш ва тасмими ирсоли нирӯҳои иловагии Амрико ба Афғонистон дар ҳоле садо медиҳанд, ки вазири дифоъи Иёлоти Муттаҳида ба минтақа як сафари омӯзишӣ анҷом додааст.
XS
SM
MD
LG