Мураббии тими мунтахаби Тоҷикистон Ғайрат Неъматов бо эъломи ин хабар ба радиои Озодӣ гуфт: «Се варзишгари мо, ки аз авоили соли 2007 дар шаҳри Новая Каховкаи Укроин тамрин карда, ба мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон омодагӣ мебинанд, ҳамзамон дар шаҳри Конча-Заспа дар мусобиқаи бози қаҳрамонии ин кишвар байни ҷавонон ширкат карданд. Гурзафкани 24-солаи тоҷик Дилшод Назаров дар рақобатҳои гурзандозӣ байни мардон бо натиҷаи 77 метру 9 сантиметр мақоми аввалро касб кард. Ин аз натиҷаи ба даст овардаи ӯ ҳамчун қаҳрамони понздаҳумин давраи Бозиҳои Осиёӣ дар Қатар 2 метру 66 сантиметр беҳтар аст, вале нисбат ба рекорди инфиродиаш 54 сантиметр камтар мебошад. Дилшод ахири моҳи август дар мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон дар шаҳри Осакаи Ҷопон иштирок мекунад.»
Галина Митяеваи 16-сола дар рақобатҳо байни занон бо натиҷаи беҳтарин - 52 метру 68 сантиметр ба унвони қаҳрамонӣ даст ёфт. Вай моҳи июл дар мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон байни наврасон дар Ҷумҳурии Чех ширкат хоҳад кард.
Боз як намояндаи Тоҷикистон - Алишер Эшбекови 18-сола дар сабқати гурзандозӣ дар Укроин миёни ҷавонон бо натиҷаи 59 метру 71 сантиметр дар байни шаш нафар беҳтарин варзишгарони ин мусобиқа ҷойгир шуд.
Ба гуфтаи ҷаноби Неъматов варзишгарони тоҷик 22 феврал аз Укроин ба Тоҷикистон баргашта, 24 ва 25 феврал дар шаҳри Душанбе дар мусобиқоти қаҳрамонии ин кишвар оид ба варзиши сабук ширкат мекунанд.
Нарзуллоҳи Латиф.