Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Масъуд Собиров барои курсии порлумонӣ талош меварзад


RD

Ҳизби демократи Масъуд Собиров барои ширкат дар интихоботи миёндаврии Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон изҳори омодагӣ кардааст. Масъуд Собиров мегуяд раёсати ҳизбаш тасмим гирифтааст, ки дар ҳавзаи интихоботии шумораи яки шаҳри Душанбе мавсум ба Фирдавсӣ номзади худро ширкат диҳад. Оғои Собиров гуфт: «Дар ҷаласаи дирузи раёсати ҳизбамон тасмим гирифтем, ки чун мо ҳизби расмии демократии Тоҷикистон ҳастем ва ҳаққи ширкатро аз номи ҲДТ дорем номзади худамонро дар интихоботи миёндаврӣ дар ҳавзаи Фирдавсии Душанбе сабти ном кунем.»





Ин номзад ба гуфтаи мақомоти Ҳизби демократ худи Масъуд Собиров хоҳад буд. Масъуд Собиров дар моҳи августи соли гузашта нахуст бо таъсиси ҷиноҳи Ватан дар дохили ҲДТ ва баъдан бо даъвати анҷумани ҲДТ бо ширкати ҳаводоронаш раиси ҲДТ интихоб шуд. Ва ба дунболи таҳрим шудани интихоботи раёсати ҷумҳурӣ аз ҷониби ҲДТ бо сардории Маҳмадрӯзӣ Искандаров, ки он замон ҳизби расмии демократӣ маҳсуб меёфт, ҷиноҳи Собиров аз сӯи вазорати адлия ба унвони ҳизби расмӣ ба ҷойи Ҳизби демократи Искандаров шинохта шуд.




Вале дар 14 -уми моҳи январи соли равон гуруҳи дигаре аз ҳамроҳонаш бори дигар анҷумани фавқуллода доир намуда, уро аз ин мақом барканор ва муовинаш С. Исмоновро ба ҷои вай раис интихоб намуданд. Аммо вазорати адлияи Тоҷикистон ин аҷуманро ботил донист ва Собировро ҳамчунон раиси ҲДТ эътироф мекунад ва ҳаққи муаррифии номзад барои мақомоти намояндагӣ дар Тоҷикистонро аз номи ҲДТ М. Собиров ва ҷиноҳи барои худ то кунун маҳфуз доштааст.





Аммо Муҳибулло Додоҷонов раиси дастгоҳи КМИР Тоҷикистон мегуяд, то кунун ҳеҷ як ҳизб ё шахси ҷудогонае худро барои номзад шудан ба кумисюн расман муаррифӣ накардааст, бо вуҷуде, ки мегуяд ӯ телефонӣ бархе гуруҳҳо ин гуна ахборро ба у низ додаанд. Аммо афзуд оғои Додоҷонов аҳзоби сиёсӣ то рузи 25 феврал барои муаррифии номзадҳояшон фурсат доранд. Дар ҳар сурат, то кунун ҳадди ақалл ҲНИТ ва ҲХДТ Тоҷикистон аз тасмими худ дар мавриди ширкат додани номзадҳояшон дар интихоботи миёндаврӣ дар ҳавзаи Фирдасии Душанбе хабар додаанд.


Раҳматкарими Давлат, Душанбе
XS
SM
MD
LG