Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳифзи умри боқимондаи гирифторони HIV


Як ҷавони 30 - солаи мубталои ВИЧ мегӯяд, одатан ба маризиҳои мухталиф аз қабили зуком, сармохӯрдагӣ, дарди шушу ҷигар ва амсоли инҳо гирифтор мешуд. Аммо баъд аз табобати зидди ретровирусӣ масъунияти баданаш баланд ва саломатиаш беҳтар гаштааст. Ба гуфти табибон, вазни ӯ, ки пеш аз табобат 50 килограмм будааст, ҳоло ба 102 килограмм расидааст. Ин ҷавон дар сӯҳбат ба радиои Озодӣ гуфт, ки дар баробари табобат бемор бояд ҳаёти солимро пеша кунад:

«Тарзи ҳаёти солим ба он мусоидат мекунад, ки дар баробари доруҳое, ки ҳукумат аз дигар кишварҳо харидорӣ мекунад, афзоши вирус дар бадан пешгирӣ шавад. Ҳар касе ки аз ин доруҳои зидди ретровирусӣ истифода мебаранд, аз онҳо мо машварат мепурсем, ки чи тавр онро истеъмол ва чи гуна зиндагӣ кард.»

Табобати зидди ретровирусӣ шурӯъ аз моҳи феврали соли 2006 дар Тоҷикистон ба роҳ монда шудааст. Ба ин намуди табобат 74 нафар мубтало ройгон фаро гирифта шудаанд, ки барои табобати ҳар як нафарашон аз 1, 5 то 7 ҳазор доллар масраф мешавад. Пеш аз шурӯъи табобат беморон аз ташхиси махсус гузаронида шуда, баъдан мувофиқ ба вазъи саломатиашон ба онҳо доруҳо муайян мегарданд. Сироятёфтагон бояд ба таври дарозмуддат дар як рӯз се маротиба дору истеъмол намоянд. Дар акси ҳол суръати афзоиши вирус дар бадан ба маротиб меафзояд. Мансурҷон Додарбеков, пизишки маркази мубориза бо ВИЧ/СПИД мегӯяд, табобати зидди ретровирусӣ дар Тоҷикистон натиҷаҳои хуб медиҳад.

«Табобати зидди ретровируси боиси дарозумрии сироятёфтагон мегардад. Ин доруҳо суръати афзоиши вирусро дар бадан коҳиш дода масъуниятро баланд мегардонад. Дар натиҷа одам худро солим эҳсос мекунад. Қабл аз шурӯъи ин табобат, зимни ташхиси беморон мушоҳида мешуд, ки вирус рӯз аз рӯз ҳуҷайраҳоро несту нобуд мекард ва ҷисми онҳо ба муқобили ҳамагуна маризиҳои мубориза бурда наметавонист»

Аммо Севара Комилова, раҳбари созмони «Гули cурх» мегӯяд, доруҳои мазкур антибиотикҳои қавӣ ҳастанд ва дар рӯзҳои аввали табобат ба баъзе беморон таъсири манфӣ мерасонанд:

«Баъд аз ду ҳафта ё се ҳафта бисёри одамон муроҷиат мекунанд, ки ҷигарашон дард мекунад ва ё дар баданашон доначаҳои сурх пайдо шудааст. Аммо ин мегузарад. Барои он ки он қадар қуввае дорад, ки вирусро зиёд шудан намемонад ва ин хуб ҳам бошад, аммо он ба дигар узвҳои бадан таъсири манфи мерасонад.»

Тибқи омори маркази ҷумҳуриявии мубориза бо ВИЧ/СПИД, дар Тоҷикистон 710 мубталои ВИЧ/СПИД ба қайд гирифта шудаанд, ки то имрӯз 55 нафари онҳо фавтидаанд. Ин дар ҳолест, ки ҳамагӣ ду моҳи пеш шумори гирифторон ба беш аз 600 нафар мерасид.
XS
SM
MD
LG