Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Роҳи Пекин барои футболи Тоҷикистон баста шуд


Анзур Исмоилов, бозигари меҳмонон дар дақиқаи 27-уми қисми қасим аввал ҳисобро боз кард. Голи дуввуми Узбакистонро Марат Бикмаев дар дақиқаи охирини бозӣ ба ҳадаф расонд.

Ёдовар мешавем, бозии аввали ин дастаҳо дар шаҳри Тошканд низ бо пирӯзии тими олимпии Узбакистон бо натиҷаи 4 бар 1 ба анҷом расида буд. Бад-ин тартиб тими ғолиб Узбакистон ба марҳилаи баъдӣ роҳ ёфт. Вале дастаи Тоҷикистон, ки барои чаҳорумин бор дар мусобиқоти интихобии олимпӣ ширкат кард, ин дафъа низ дар марҳилаи аввал аз идомаи мубориза барои роҳхат ба қисмати ниҳоии Бозиҳои олимпии соли 2008 дар Пекин маҳрум гашт.

Натоиҷи бозиҳои дигари ҷавобӣ чунин аст: Тайланд - Туркманистон - 5:1 (бозии аввал - 1:0), Покистон - Сингапур - 3:2 (2:1), Фаластин - Яман - 1:1 (1:2), Ҳонконг - Бангладеш - 0:1 (3:0), Ҷазоири Молдив - Индонезиё - 0:0 (0:1), Тайван - Австралиё - 0:1 (0:11), Ҳиндустон - Муанмар - 4:1 (1:1).

Узбакистон дар марҳилаи дуввуми мусобиқоти интихобии олимпӣ дар гурӯҳи «F» бо Куриёи Ҷанубӣ, Имороти Муттаҳидаи Араб ва Яман рақобат хоҳад кард.

Ба гурӯҳҳои дигар тимҳои олимпии кишварҳои зерин дохиланд:
гурӯҳи «А» - Баҳрайн, Кувайт, Қатар ва Покистон
гурӯҳи «В» - Ҷопон, Малайзиё, Сурия ва Ҳонконг
гурӯҳи «С» - Уммон, Лубнон, Вйетнам ва Ҷазоири Молдив
гурӯҳи «D» - Ирон, Арабистони Саъудӣ, Урдун ва Австралиё
гурӯҳи «Е» - Ироқ, Куриёи Шимолӣ, Тайланд ва Ҳиндустон
гурӯҳи «F» - Куриёи Ҷанубӣ, Иморот, Узбакистон ва Яман.

Мусобиқоти интихобӣ бо ширкати 24 даста аз 28 феврал то 6 июни соли ҷорӣ баргузор мешавад. Баъдан 12 дастаи беҳтарин дар марҳилаи ниҳоӣ ба чаҳор гурӯҳ тақсим шуда, аз 22 август то 21 ноябри соли оянда барои ба даст овардани се роҳхат ба Олимпиадаи Пекин мубориза мебаранд. Мунтахаби Чин ҳамчун намояндаи кишвари ташкилкунандаи Бозиҳои олимпии соли 2008 мустақиман ба мусобиқоти ниҳоӣ роҳхат мегирад.
Нарзуллоҳи Латиф
XS
SM
MD
LG