Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сербистон тарҳи СММ-ро рад кард


Порлумони Сербистон бо кулли оро барномаи Созмони Милал дар мавриди минтақаи ҷудоихоҳи Косоворо рад кард.


Ба иддаъои раҳбарони Сербистон, барномаи мазкур тамомияти марзии ин кишварро халалдор мекунад ва боиси эҷоди истиқлоли Косово, минтақаи ҷудоихоҳ ва умдатан албанинишини Сербистон мешавад.


Порлумони Сербистон бо ташкили ҷаласа ва судури қатъномае гуфт, ки барномаи Созмони Милал, заминаҳои ғайриқонуниро барои таъсиси як давлати нави мустақил дар қаламрави Сербистон асос мегузорад.
XS
SM
MD
LG