Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷорҷ Буш дар бораи Эрон ва дар бораи Русия


Раиси ҷумҳури Амрико Ҷорҷ Буш мегӯяд, ки намедонад, мақомоти баландпояи Эрон дар мусаллаҳ кардани тундравони ироқӣ даст доранд ва ё на. Аммо дар як конфронси хабарӣ дар Вашингтон Ҷорҷ Буш гуфт, мутмаин аст, ки ҳалқаҳое дар Сипоҳи посдорони инқилобии исломии Эрон ба Ироқ аслиҳа фиристодаанд, ки бо истифода аз он таслиҳот сарбозони амрикоиро куштаанд.


Чанд рӯз пештар, мақомоти амрикоӣ дар Бағдод гуфтанд, ки мақомоти сатҳҳои баландтарини ҳукумати Эрон дар мусаллаҳ кардани тундравони ироқӣ даст доранд.


Ва дигар ин ки дар нишасти хабарӣ аз Ҷорҷ Буш пурсиданд, ки оё пас аз интиқоди раиси ҷумҳури Русия Владимир Путин аз сиёсатҳои Амрико, равобити ду кишвар бад шудааст? Ҷорҷ Буш дар посух гуфт:
"Ин як равобити печида аст. Равобите, ки дорои ихтилофоти назар аст вале равобитест, ки дар он мо метавонем заминаҳо барои ҳал кардани мушкилотро пайдо кунем."


Ба гуфтаи Ҷорҷ Буш, барномаи ҳастаии Эрон як масъалаест, ки Русияву Амрико метавонанд барои ҳалли он ҳамроҳ кор кунанд.
XS
SM
MD
LG