Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳафтаи филмҳои эронӣ дар Душанбе


СМ

Дар шаҳри Душанбе - пойтахти Тоҷикистон ҳафтаи намоиши филмҳои эронӣ оғоз ёфт. Қарор аст он то 17 феврал дар Душанбе идома ёбад.Тайи ин муддат интизор меравад дар Кохи синамои Душанбе шаш филми синамогарони эронӣ ба маърази тамошо гузошта шавад.





Сафар Ҳақдодов, раиси Кохи синамогарони тоҷик дар сӯҳбат ба радиои Озодӣ гуфт, дар ҳафтаи намоиши филмҳои эронӣ усулан филмҳои мардумӣ, ё фолклорӣ пешкаши ҳаводорони синамо мегарданд: «Ин филмҳоро метавон филмҳои мардумӣ номид,ки роҷеь ба зиндагиномаи мардуми одии иронӣ қисса мекунанд»





Дар ҳафтаи намоиши синамои Эрон филмҳои «Марди Офтобӣ»-и Ҳумоюни Асадӣ,«Паррандаи кӯчаки хушбахт»-и Пурони Рахшанда, «Тавлиди як парвона»- и Муҷтабои Роҳӣ, «Шӯхӣ»-и Ҳумоюни Асадиён, «Рӯъёи нимашаби тобистон»-и Дориюши Мударриён ва филми Аҳмадиризои Муъатмадӣ бо унвони «Девонае, ки аз қафас паррид» пешкаши тамошобини тоҷик мегарданд. Сарпарастии намоишгоҳро ширкати синамои «Аҷам», Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон ва сафоратхонаи Эрон дар ин кишвар ба ӯҳда доранд.

Сайёфи Мизроб, Душанбе
XS
SM
MD
LG