Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тими олимпии Узбакистон барои бозии ҷавобӣ вориди Тоҷикистон шуд


Шералӣ Давлатов, дабири кулли Федеросиюни футболи Тоҷикистон ба радиои Озодӣ гуфт, дастаи меҳмон - Узбакистон рӯзи сешанбеи 13 феврал бо хатсайри махсус тавассути ҳавопаймо аз шаҳри Тошканд ба Душанбе омад. Оқои Давлатов ёдовар шуд, дар бозии аввал бозигарони ҷавони тоҷик дар шаҳри Тошканд аз мунтахаби олимпии Узбакистон бо натиҷаи 1 бар 4 шикаст хӯрда буданд ва пирӯзӣ бо ҳисоби калон имконоти тими олимпии Узбакистонро барои роҳ ёфтан ба марҳилаи баъдӣ бештар намудааст. Вале тими мунтахаби олимпии Тоҷикистон танҳо дар сурати ғалаба ҳадди ақалл бо тафовути се гол метавонад ба давраи дувум роҳ ёбад.

Ба роҳ ёфтани дастаҳои олимпии Австралиё ва Ҳонконг ба давраи баъдии мусобиқот ҳеҷ гуна шубҳае нест. Зеро Австралиё дар нахустин дидор бар тими меҳмон - Тайван бо натиҷаи 11 бар 0 пирӯзӣ ба даст овардааст. Ҳонконг бошад, дар меҳмонӣ тими Бангладешро бо натиҷаи 3 бар 0 мағлуб сохтааст. Ғолибони ҷуфтҳои дигар дар бозиҳои ҷавобӣ муайян мешаванд. Дар бозиҳои аввал Тайланд дар меҳмонӣ бар Туркманистон, Индонезиё дар майдони худ бар Ҷазоири Молдив бо натиҷаи якхелаи 1 бар 0, Яман бар тими меҳмон - Фаластин ва Сингапур низ дар майдони худ бар Покистон бо натиҷаи мушобеҳи 2 бар 1 ғалаба кардаанд. Танҳо як бозӣ миёни тимҳои Муанмар ва Ҳиндустон бо натиҷаи мусовии 1 бар 1 хотима ёфтааст. Бозии тимҳои Вйетнам ва Афғонистон ба иллати номусоидии ҳаво ба рӯзи 14 феврал мавқуф гузошта шуд. Дастаи мунтахаби олимпии Қирғизистон аз ширкат дар бозиҳои интихобӣ даст кашидааст. Бинобар ин рақибаш - тими олимпии Урдун ба марҳилаи дуввуми мусобиқоти интихобии олимпӣ роҳ ёфт.
XS
SM
MD
LG