Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Исмоил Ҳания: "Истеъфо ба хотири ваҳдат"


Нахуствазири фаластиниён Исмоил Ҳония мегӯяд, ҳукумати ӯ иборат аз аъзои созмони Ҳамос ба зудӣ истеъфо медиҳад, то ташкили ҳукумати ваҳдати миллӣ оғоз шавад.


Исмоил Ҳония дар ин бора пас аз бозгашташ аз Арабистони Саудӣ хабар дод, ки ӯ дар он ҷо ҳафтаи гузашта бо Маҳмуд Аббос раиси ҷумҳури Фаластин дар робита ба тақсими қудрат дар Ташкилоти Худгардони Фаластин созише имзо кард.


Иттиҳодияи Аврупо гуфт, то замоне, ки ҳукумати ваҳдати миллии фаластиниён таъсис нашавад, кӯмакҳои молӣ ба Ташкилоти Худгардонро аз сар нахоҳад гирифт.
XS
SM
MD
LG