Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Расул Боқиев дар Ҷоми олии ҷаҳонӣ ҳафтум шуд


Ин мусобиқот, ки бо ширкати зӯртарин гуштигирони беш аз 50 кишвари ҷаҳон дар Қасри варзиши «Берси»-и Порис доир гашт, шоми якшанбеи 11 феврал ба анҷом расид. Тоҷикистонро дар Ҷоми олии ҷаҳонӣ танҳо як нафар - Расул Боқиев, барандаи медали биринҷии понздаҳумин давраи Бозиҳои Осиёӣ дар Қатар намояндагӣ кард. Паҳлавони 25-солаи тоҷик дар байни 45 нафар ширкаткунандагони рақобатҳо дар вазни то 73 килограмм байни мардон мақоми ҳафтумро соҳиб шуд. Дар ин вазн Юсуке Канамару, аз Ҷопон дар сабқати ниҳоӣ бар Элнур Маммедлӣ, аз Озарбойҷон ғолиб омада, ба унвони қаҳрамонӣ даст ёфт. Даниэл Фернандеси фаронсаӣ ва Георгий Георгиеви булғор дар мақоми севвум қарор гирифтанд.

Анвар Бобоҷонов, масъули Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон ба радиои Озодӣ гуфт, дар айни ҳол боз ду гуштигири маъруфи тоҷик - Неъматулло Асронқулов ва Рауф Ҳикматов дар шаҳри Маскави Русия тамрин карда, ба даври дуввуми Ҷоми олии ҷаҳонии дзюдо, ки ахири моҳи феврал ва авоили моҳи март дар Олмон ва Маҷористон баргузор мешавад, омодагӣ мегиранд. Оқои Бобоҷонов афзуд, ҳадафи аслии ширкати варзишгарони тоҷик дар мусобиқоти байнулмилалӣ ба даст овардани роҳхатҳо ба Бозиҳои олимпии соли 2008 дар Пекин мебошад.
XS
SM
MD
LG