Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Домоди Назарбоев аз мақом барканор шуд


Роҳат Алиев тибқи фармони Нурсултон Назарбоев аз мақоми муовини аввали вазири хориҷаи Қазоқистон барканор карда шуд. Кунун домоди раиси ҷумҳури Қазоқистон фаъолияти хешро дур аз кишвараш идома медиҳад.


Нурсултон Назарбоев уро бо фармони дигари хеш сафири Қазоқистон дар Австрия ва намояндаи ин кишвар дар созмонҳои байналмилалии воқеъ дар Вена таъйин кард.Ағлаби коршиносон ин тағйироти кадриро бо руйдодҳои ахири марбут ба «Нурбонк» бастагӣ медонанд.Аз ҷумла Андрей Чеботарев - сарвари Маркази пажуҳишҳои мубрами «Алтернатива» мегуяд, ки бо ин фармон раиси ҷумҳур домоди хешро ба мусофират фиристод то аз моҷароҳои атрофи «Нурбонк» дуртар нигоҳ дорад.


Зеро ба гуфтаи оқои Чеботарев дар «Нурбонк», ки яке аз саҳмдоронаш худи Алиев аст, воқиаҳои номатлубе рух додаанд, ки бархеҳо дар онҳо Роҳат Алиевро муттаҳам медонанд. Аз ин хотир ба андешаи сиёсатшинос алъон дур аз Қазокистон будани Роҳат Алиев уро аз ҳар гуна иттиҳомҳо ва сару садоҳо эмин медорад.


Лозим ба ёддоварист, бори дуюм аст, ки баъди чунин моҷароҳо Роҳат Алиев ба мусофират фиристода мешавад. Бори нахуст Нурсултон Назарбоев уро соли 2001 баъди моҷарояш бо созмондеҳони Созмони ҷамъиятии Интихоби демократии Қазоқистон ӯро ба Австрия фиристода буд ва Роҳат Алиев 5 сол сафири Қазоқистон дар ин кишвар буд.

Насибҷон Амонӣ, Алмаато
XS
SM
MD
LG