Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Кӯмаки мураббиёни тоҷик ба варзишкорони Афғонистон


Масъулини Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон натоиҷи фаъолияти шашмоҳаи мураббиёни тоҷикро дар Ҷумҳурии Исломии Афғонистон мусбат арзёбӣ карданд.

Анвар Бобоҷонов, корманди масъули ин кумита ба радиои Озодӣ гуфт, бар асоси созишномаи ҳамкорӣ миёни кумитаҳои миллии олимпии Тоҷикистон ва Афғонистон дар айни ҳол панҷ тан аз устодони варзида - Амрисултон Наботов, дар риштаи гуштии озод, Аҳтам Раҷабов, дар риштаи гуштии дзюдо, Мансур Муҳиддинов дар риштаи бокс, Самсон Зарифбеков дар риштаи гуштии кураш ва Санавбар Музаффаров дар риштаи волейбол дар шаҳри Кобул ба ҳайси мушовирони соҳа фаъолият доранд.

Аҳтам Раҷабов, мураббии маъруфи гуштӣ мегӯяд, мизбонон барои фаъолияти пурсамари мутахассисони тоҷик дар Кобул шароити зарурӣ фароҳам овардаанд. Оқои Раҷабов, ҳамчунин иброз дошт, ки тибқи нақша ахири моҳи феврал сафари тими миллии гуштии дзюдои Афғонистон ба Тоҷикистон дар назар аст.Паҳлавонони тоҷику афғон тӯли як моҳ дар бошгоҳи варзишии «Ориёно»-и ноҳияи Рӯдакӣ тамрини муштарак карда, мусобиқаи дӯстона анҷом хоҳанд дод.
XS
SM
MD
LG