Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боздошти як мақоми хадамоти гумруки Душанбе


Як масъули идораи гумруки Душанбе бо ҷурми тақаллубкорӣ аз сӯйи мақомоти интизомӣ боздошт гардид.


Ба иттилоъи додситонии пойтахт, Раҳматҷон Ҳасанов соли 1998, ҳанӯз вақти раиси пости гумрукии «Душанбе-2» буданаш, аз як сокини Душанбе 13 ҳазор доллари амрикоӣ гирифта, дар соҳибкориаш истифода кардааст. Аммо ин маблағ ба соҳибаш баргардонида нашудааст.


Соҳиби пул мегӯяд, ҳанӯз 8 сол қабл ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ аз болои Раҳматҷон Ҳасанов шикоят бурдааст, аммо бинобар сабабҳои норӯшан нисбат ба вай парванда боз накардаанд. Баъди шикояти дубора, додситонии Душанбе далели тақаллубкории масъули идораи гумрукро санҷида ва ӯро боздошт намуд.
XS
SM
MD
LG