Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Хабарҳо

Нақзи ҳуқуқи тоҷирони хориҷӣ дар Русия

av

Як ҳайати Созмони ҷаҳонии муҳоҷират тайи ошноии даҳрӯза бо раванди иҷроиши қонуни нави муҳоҷирати Русия мавориди нақзи ҳуқуқи тоҷирони хориҷиро дар ин кишвар мушоҳида кардааст. Музаффар Зарипов, мудири маркази иттилоъгузории муҳоҷирини Созмони ҷаҳонии муҳоҷират дар Душанбе тайи як нишаст бо арзёбии натиҷаҳои сафари ин ҳайъат ба Русия аз ҷумла гуфт, қонуни нави муҳоҷирати Русия пешраванда аст, аммо иҷроиши бандҳои он дар музофотҳои Русия нодуруст ба роҳ монда шудааст. Ӯ шаҳри Новосибирскро мисол овард, ки дар он ҷо чандин бозори шахсӣ аллакай аз 15 январ ягон шаҳрванди хориҷиро, ҳатто барои харид кардан намемонад. Оқои Зарипов гуфт, муҳофизони бозорҳои Новосибирск ҳатто намегузоранд, ки тоҷирони тоҷик моли тиҷоратиашонро аз бозорҳо берун оранд.


Қурбон Маҳмадов, раиси бахши мубориза бо муҳоҷирати ғайриқонунии Вазорати корҳои дохилаи Тоҷикистон дар робита ба ин мавзӯъ гуфт, ин гуна бархӯрди мақомоти Русия ба моликияти шаҳрвандони хориҷӣ ғайриқонунӣ аст. Ӯ гуфт, тоҷирон бояд ба раёсати умури дохила, додситонии он маҳал ҳатто аз хонаашон истода ҳам як ариза ирсол кунанд, чора мебинанд ё ба намояндагии Вазорати корҳои дохилаи Тоҷикистон муроҷиат кунанд.


Дар ҳамин ҳол, Евгений Семенов, намояндаи Хадамоти федералии Русия дар Тоҷикистон гуфт, кишвараш қонуни муҳоҷират ва будубоши муҳоҷиринро хеле содда кардааст. Вай гуфт, ин ҷо гап дар бораи корфармоёни алоҳида меравад, ки муҳоҷирини дар беиттилоотӣ қарордоштаро аз қонунҳо огаҳ намекунанд ва ин гуна мушкилотро ба миён меоранд.


Тибқи қонуни нави муҳоҷирати Русия, хориҷиёне, ки то 1 январ дар ҳудуди ин кишвар иқомат доштанд, бояд як маротиба аз Русия ихроҷ шаванд ва баъди дигарбора ворид шудан худро сабти ном кунанд. Музаффар Зарипов, мудири маркази иттилоъгузории муҳоҷирини Созмони ҷаҳонии муҳоҷират дар Тоҷикистон гуфт, ин нуктаи қонуни нави муҳоҷирати Русия барои тақрибан ҳудуди 70 дар сади муҳоҷирини кории тоҷик мушкил ба миён овардааст.
Фарҳоди Милод, Душанбе

Ҳамаи хабарҳои имрӯзро дар инҷо бихонед

Манъи муваққатии вуруди маҳсулоти Узбекистон ба Қирғизистон

Аз оғози соли 2019 365 ҳолате сабт шудааст, ки маҳсулоти Узбекистон ба талаботи фитосанитарии Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё (ИИАО) ҷавобгӯ набудааст.

Дар ин бора дар маркази матбуотии Вазорати кишоварзӣ, саноати ғизоӣ ва обёрии Қирғизистон хабар доданд. Дар вазорат гуфтанд, дар 10 ҳолат маҳсулоти Узбекистон заҳролуд будааст.

"Ташхис кардем, ки анорҳои Узбекистон заҳролуд ҳастанд. Он маҳсулот дорои санад буд. Вале ҳангоми озмоиш дар шаҳри Ӯш вируси Grapholitha molesta Busck пайдо шуд. Баъди ин ҳодиса 35 тона маҳсулоти дигарро аз гузаргоҳи гумрукӣ гардонидем",-хабар доданд дар вазорат.

Гуфта мешавад, дар чунин ҳолат, бар асоси талаботи ИИАО вуруди маҳсулот манъ мегардад. Вазорати кишоварзии Қирғизистон ба мақомоти Узбекистон иттилоъ додааст, ки вуруди ин навъи маҳсулот муваққатан қатъ мегардад.

Президентҳои ИМА ва Туркия дар Вашингтон мулоқот карданд

ИМА ва Туркия бо намояндагони Сенат имкони идомаи истеҳсоли муштараки зарбазанҳои амрикоии F-35-ро баррасӣ карданд. Дар ин бора президенти ИМА Доналд Трамп дар нишасти хабарӣ пас аз гуфтугӯ бо ҳамтои туркаш Раҷаб Эрдуғон иттилоъ дод.

Трамп дар мавриди тақдири минбаъдаи истеҳсоли муштараки зарбазанҳо гуфт, Барои идомаи ҳамкориҳо дар ин замина гузинаҳои гуногун мавҷуданд. "Бар асоси пешбиниҳои ман, мо чораҷӯӣ хоҳем кард",-изҳор дошт президенти ИМА.

Доналд Трамп ҳамчунин изҳор дошт, ки дар гуфтугӯ бо Эрдуғон масъалаи харидории низоми мушакии русии С-400 аз сӯи Туркия матраҳ шуд. Ба гуфтаи ӯ, ҷонибҳо барои баррасии он омодаанд.

Президенти ИМА иттилоъ дод, ки ду кишвар тасмим доранд ҳамкориҳои тиҷориро афзоиш диҳанд. Трамп пеш аз гуфтугӯ бо Эрдуғон изҳор дошта буд, ки дар ҳоли ҳозир ҳаҷми табодули коло миёни ду кишвар то ба 20 миллиард доллар расидааст. Интизор меравад, он то ба 100 миллиард доллар расонида шавад.

Гуфтугӯи Трамп ва Эрдуғон дар ҳоле баргузор шуд, ки муносибатҳои Анқара ва Вашингтон пас аз оғози амалиёти нерӯҳои Туркия дар шимоли Сурия ба сардӣ гароиданд. Вашингтон Анқараро пас аз харидории низоми мушакии русии С-400 аз барномаи истеҳсоли F-35 хориҷ кард.

ВКД: Саймаитӣ шиносномаи қирғизиро ғайриқонунӣ гирифта буд

Вазорати умури дохилии Қирғизистон гуфт, соҳибкори чинӣ Айеркин Саймаитӣ, ки дар Туркия кушта шуд, шиносномаи қирғизиро ғайриқонунӣ дарёфт кардааст.

Ба иттилои манбаъ, соли 2017 як шаҳрванди Чин, соли таваллудаш 1988 ба пулис муроҷиат карда, хостааст, зидди ҳамватанаш Айеркан Саймаитӣ чора андешида шавад. Ба гуфтаи ӯ, Саймаитӣ дар бозори Қара-Сӯ молу колои вайро ба маблағи 3 миллиону 28 ҳазор доллар аз худ кардааст.

Дар асоси шикояти шаҳрванди Чин бо банди "Қаллобӣ" парванда боз шуда, дар рафти санҷиш маълум гашт, ки шахси ҷустуҷӯшаванда аз шиносномаи ба номи шаҳрванди Қирғизистон Самятов Эркен Салимович додашуда ғайриқонунӣ истифода мекунад.

Моҳи июли соли равон дар робита ба ин ҳодиса бо банди "Ғайриқонунӣ додани шиноснома" парвандаи ҷиноӣ боз ва як масъули Шуъбаи шиносномадиҳии ноҳияи Сузаки вилояти Ҷалолобод гумонбар дониста шуд. ​Зидди худи Саймаитӣ парвандаи алоҳида боз гашта, тафтишот идома дорад.

Айеркен Саймаитӣ шоми 10 ноябр дар шаҳри Истамбул кушта шуд. Саймаитиро замоне куштанд, ки вай дар наздикии қаҳвахонае дар минтақаи Фотеҳи Истамбул нишаста буд. Қотил аз ҷои ҳодиса фирор кард.

Бахши қирғизии Радиои Озодӣ 29 майи соли равон таҳқиқоти рӯзноманигор Алӣ Тоқтакуновро зери унвони "Аз пайи миллионҳо доллари аз Қирғизистон бурдашуда" нашр кард, ки бар асоси он, тайи солҳои 2011- 2017 ҳудуди 700 млн доллар ба воситаи бонкҳои гуногун ба кишварҳои хориҷ, аз ҷумла ИМА ва Ҳонгконг интиқол дода шудааст.

Расидҳои бонкӣ нишон медиҳанд, ки соҳибкор Айэркин Саймаитӣ ҷамъан ба 13 кишвар, аз ҷумла Туркия, Бритониё, АМА, Олмон ва Русия садҳо миллион доллар фиристодааст. Худи Саймаитӣ солҳои 2015-2017 аз Туркия бо номи ҳамсараш ба ҳисоби бунёди хайрияи ба номи Исмоил Матраимов дар Қирғизистон $2 338 700 гузарондааст.

Ин бунёд ба номи Руслан Матраимов -- бародари хурдии муовини пешини раиси Хадамоти гумруки Қирғизистон Райимбек Матраимов сабти ном аст.

Пештар аз ин хабар дода шуд, ки бо гумони қатли Айеркен Саймаитӣ ду шаҳрванди Қирғизистон ва як шаҳрванди Сурия боздошт шудааст.

Боздошти шаҳрванди Русия дар Қазоқистон барои қочоқи шохҳои сайга

Хадамоти марзбонии Кумитаи амнияти миллии Қазоқистон мегӯяд, як шаҳрванди Русияро бо гумони қочоқи шохи сайга боздошт кард.

Ба огаҳии хадамот, аз ҷузвдони варзишие, ки дар дохили мошини шаҳрванди Қазоқистон буд, 64 ҷуфти шохи сайга дарёфт ва мусодира шудааст. Шаҳрванди Русияро дар гузаргоҳи марзии "Оқсой"-и вилояти Қазоқистони Ғарбӣ боздошт ва ба пулис супурдаанд.

Дар Хадамоти марзбонии Қазоқистон гуфтанд, ки арзиши тахминии шохҳои сайга 242 млн танга (ҳудуди 620 ҳазор доллар) аст.

Дар Қазоқистон сайгаҳо зери муҳофизати давлат қарор доранд. Мақомоти қазоқ то соли 2020 ҳама гуна истифодаи сайгаро, ба ҷуз бо ҳадафҳои илмӣ манъ кардаанд.

Дар соли равон ҳангоми боздошти шикорчиёни ғайриқонунии сайга ду нозири корхонаи "Охотзоопром"-и вилоятҳои Қарағанда ва Акмолин кушта шуданд.

Заҳматкашони Туркманистон барои худ аз номи президент туҳфа мехаранд

Кишоварзон ва комбайнчиёни Туркманистон, ки нақшаи давлатии пахтаро иҷро карданд, вазифадор шудаанд, барои ҷашни Рӯзи ҳосил якдонаӣ телевизор биоранд, то баъдан аз номи президент ба онҳо тақдим шавад.

Дар ин бора бахши туркмании Радиои Озодӣ иттилоъ дод. Ба онҳое, ки тавони харидории телевизори навро надоранд, гуфтаанд, телевизорҳои куҳнаи худро биоранд.

Кормандони техникӣ вазифадор шудаанд, трактор ва мошинҳои боркашеро таъмиру ранг кунанд, ки дар телевизион намоиш дода мешавад.

Дар Туркманистон чорабиниҳои расмии идонаро барои намоиш дар телевизион аз қабл ба навор мегиранд.

Тошканд гуфт, болоравии қимати нон дар мубориза зидди фасод кумак мекунад

Додситонии кулли Узбекистон бо нашри як изҳорот сабабҳои болоравии қимати нонро шарҳ дод.

Ба иттилои додситонӣ, омилҳои зер сабаби болоравии қимати нон шудаанд:

1. Даст кашидани давлат аз сиёсати ба таври сунъӣ нигаҳ доштани қимати орду нон.

2. Болоравии ҳамасолаи қимати маводи сӯхт, барқ ва газ. Аз ҷумла дар соли 2017 1 кВт⋅с неруи барқ барои истеҳсоли орд 204,3 сӯм арзиш дошт, аммо дар соли 2019 ба 405 сӯм расид (болоравии 120,4% қимати барқ).

Ба ҷуз ин, низоми мавҷуда, ки чандин сол амал мекард, ҳамроҳ бо қонеъсозии талаботи аҳолӣ бо нони арзон боис шуд, ки фасодкорие роҳандозӣ гардад. "Бархеҳо орди арзонеро, ки бояд ба аҳолӣ фурӯхта мешуд, харидорӣ ва барои истеҳсоли хлеб бо нархи гаронтар мефурӯхтанд",-омадааст дар хабари додситонӣ.

Бино ба хабари додситонӣ, дар солҳои 2011-2018 масъулони корхонаи "Оҳангарон дон" бо роҳи аз худ кардани орду гандум 1,9 миллион долларро "ба ҷайби худ задаанд".

Додгоҳи олии Тоҷикистон 30 сомонаро баст. Кадом сомонаҳоро?

Додгоҳи олии Тоҷикистон 30 сомона ва саҳифаҳои марбут ба Паймони миллӣ, эътилофи созмонҳои мухолифин дар хориҷаро бастааст. Қарори додгоҳ рӯзи 12-уми ноябр нашр шуд ва рӯйхат аз саҳифаи "Бги дега" то "Озодандешон" ва "Кимиёи соадат"-ро дар бар мегирад. Мухолифон ба ин тасмими додгоҳ ҳанӯз вокуниш накардаанд.

Бастани ин гурӯҳи сомонаҳои интернетӣ дар ҳолест, ки Додгоҳи олии Тоҷикистон рӯзи 11-уми октябр Паймони миллиро созмони террористиву экстремистӣ эътироф кард. Ба қавли мақомот, фаъолияти он дар қаламрави кишвар аз 15-уми августи имсол мамнуъст.

Масъулони Паймони миллии Тоҷикистон рӯзи 15-уми октябри имсол дар баёнияи расмӣ ҳалномаи Додгоҳи олиро "ҳайратангез" ва "ғайриконститутсионӣ" хонданд. Онҳо гуфтанд, на танҳо ин имкон барояшон дода нашуд, ки бо вакили худ дар мурофиае, ки парвандааш дар он муҳокима шудааст иштирок кунанд, балки "ҳатто пеш аз қабули ин қарор ҳеч хабаре дар бораи он надошт".

Додгоҳи олии Тоҷикистон то ба ҳол сабаби ифротӣ ва террористӣ эълон кардани паймонро шарҳ надодааст. Аммо дар гузашта мақомоту расонаҳои давлатии Тоҷикистон борҳо Паймони миллиро "ворис"-и ҳизби дар кишвар мамнӯи наҳзати исломӣ донистаанд, ки фаъолияташ аз соли 2015 боз мамнуъст.

Паймони Миллии Тоҷикистон, ки моҳи сентябри соли 2018 дар хориҷ таъсис ёфт, аз Анҷумани озодандешони тоҷик, Ҷунбиши ислоҳот ва рушд, Ассосиатсияи муҳоҷирини Осиёи Марказӣ ва Ҳизби дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати исломӣ ташкил ёфтааст. Додгоҳи олии Тоҷикистон Ҳизби наҳзати исломиро соли 2015 мамнуъ ва террористӣ эълон кард. Раҳбарияти ҳизб, ки дар хориҷа қарор дорад, онро рад мекунад.

Раҳбарони се созмони дигар низ аз Тоҷикистон берун шуда, дар хориҷа ҳастанд. Ҳадаф аз ташкили эътилоф сарҷамъии нирӯҳои мухолифин, риояи ҳуқуқи башар, рушди демократия ва интихоботҳои озоду шаффоф гуфта шудааст.

Мақомоти Тоҷикистон то кунун тақрибан бист созмону ҷунбиш, аз ҷумла “Ҳизби Таҳрир”, “Ал-Қоида”, “Ҳаракати исломии Узбекистон”, “Толибон”, “Ҷамоаи Таблиғ”, “Тоҷикистони Озод”, “Салафия”, “Гуруҳи 24”, “Давлати исломӣ”, “Ҷабҳат-ут-нусра” ва “Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон”-ро ба ҳайси созмонҳои террористиву ифротӣ шинохтаанд. Даҳҳо нафар бо ҷурми пайравӣ ва тарафдорӣ аз ин созмонҳо боздошту зиндонӣ шудаанд.

Президенти пешин хост, тарафдоронашро озод кунанд

Алмосбек Отамбоев

Алмосбек Отамбоев, президенти пешини Қирғизистон, даъват дорад, ки ҳамаи боздоштшудаҳои ҳодисаҳои рӯзҳои 7 ва 8-уми августи имсол дар деҳаи Қой-Тош озод карда шаванд. Чунин изҳоротро Отамбоев рӯзи 13-уми ноябр паҳн кард.

Дар изҳорот омадааст, боздошти ҳаводорони вай ва иштирокдорони ҳодисаҳои Қой-Тош ба хотири "тарс додан ва иҷборан хомӯш кардан" сурат гирифтааст.

Отамбоев дар изҳорот гуфтааст, "мақомот огоҳ ҳастанд, ки афроди зикршуда айбе надоранд. Агар суоле ҳаст, аз ман бипурсанд. Бигзор маро ба ҳар муҳлате, ки мехоҳанд, зиндонӣ кунанд. Ман дар замони роҳбарии ин ҳукумат ба ҳар чизе омодаам. Аммо ҳамаи онҳое, ки дар робита ба ҳаводиси 7-8-уми август август боздошт шудаанд, бояд озод шаванд. Онҳо танҳо дар он айбдоранд, ки ба адолат, қонун, Конститутсияи кишвар бовар карданд."

Рӯзҳои 7-8-уми август дар деҳаи Қой-Тоши Қирғизистон "амалиёти иҷборан ба бозпурсӣ овардани президенти пешин Алмосбек Отамбоев" сурат гирифт. Бо қарори додгоҳ, вай то 26-уми октябр ба ҳабс гирифта шудааст.

Додситонии кулли Қирғизистон Отамбоевро дар чандин ҷиноят, аз ҷумла дар робита ба ҳодисаҳои Қой-Тош, ғайриқонунӣ озод кардани яке аз афроди бонуфузи олами ҷиноӣ Азиз Батукаев, фасодкорӣ ва ғайра айбдор кард. Ба гуфтаи Слесарев, дар маҷмуъ нисбат ба Отамбоев 14 айб эълон шудааст.

Баъди боздошти Отамбоев чанде аз тарафдорони ӯро, аз ҷумла вакилони порлумон Асел Кодуранова ва Ирина Карамушкина, вакили пешин Равшан Ҷеенбеков, мушовири пешини роҳбари давлат Кундуз Жолдубоева, раиси пешини КДАМ Абдил Сегизбоев ва дигаронро ба бозпурсӣ даъват карданд.

Дар ҳоли ҳозир роҳбари пешини дастгоҳи президент Фарид Ниёзов, ҷонибдорони президенти пешин Алга Киличов, Кияз Смаилов ва Амантур Жамгирчиев бо гумони ғасби шаш корманди мақомоти Қирғизистон дар боздошт ҳастанд. Ба айни ҳамин гумон вакилони порлумон Ирина Карамушкина ва Асел Кодуранова дар ҳабси хонагӣ ҳастанд.

Эрдуғон дар авҷи танишҳо ба Амрико рафтааст

Раҷаб Таййиб Эрдуғон

Раҷаб Таййиб Эрдуғон, раиси ҷумҳури Туркия, дар авҷи танишҳо байни Анқара ва Вашингтон, ду узви НАТО, ба Амрико рафтааст ва интизор меравад рӯзи 13-уми ноябр бо президент Доналд Трамп мулоқот кунад.

Эрдуғон бори охир соли 2017 ба Амрико рафта буд. Он вақт муҳофизонаш дар назди қароргоҳи сафири Туркия ба эътирозгарони осоиштаи курд ҳамла карданд.

Раиси ҷумҳури Туркия рӯзи 11 уми ноябр пеш аз сафараш ба Вашингтон дар Анқара гуфт, равобити Туркияву Амрико “марҳилаи дарднок”-ро пушти сар мекунад.

Ҳамон рӯз як мақоми баландпояи ҳукумати Амрико низ эътироф кард, ки ду кишвар дар баъзе аз масъалаҳо ихтилоф доранд.

Вай ба хариди системаи дифои ҳавоии S-400-и Русия аз сӯи Туркия ва вуруди нерӯҳои ин кишвар ба шимоли Сурия ишора кард.

Раҳбарони Осиёи Марказӣ дар Тошканд ҷамъ мешаванд

Мулоқоти дувуми машваратии раҳбарони кишварҳои Осиёи Марказӣ (ОМ) 27 ноябр дар шаҳри Тошканд баргузор мешавад. Ба иттилои хабаргузории ТАСС, дар ин бора президенти пешини Қазоқистон Нурсултон Назарбоев 12 ноябр иттилоъ дод.

Назарбоев изҳори умедворӣ кард, ки мулоқоти мазкур дар рӯзи эъломшуда дар Тошканд баргузор хоҳад шуд.

Ӯ ҳамчунин зикр кард, ки миёни Қирғизистон, Тоҷикистон ва Узбекистон баъзе аз мушкилиҳои ҳалношуда боқӣ мондааст. "Задухӯрдҳо рух дода, одамон кушта мешаванд",-афзуд вай.

Ёдрас мешавем, президенти Узбекистон Шавкат Мирзиёев моҳи сентябри соли 2017 ҳангоми суханронӣ дар ҷаласаи Маҷмаи умумии СММ бори нахуст пешниҳод кард, ки мулоқоти ғайрирасмии раҳбарони кишварҳои Осиёи Марказӣ баргузор карда шавад.

Мулоқоти якуми машваратии раҳбарони кишварҳои Осиёи Марказӣ моҳи марти соли 2018 дар пойтахти Қазоқистон барпо шуд. Моҳи июли соли равон дар Вазорати умури хориҷии Узбекистон иттилоъ доданд, ки мулоқоти дувум тирамоҳи имсол дар Тошканд баргузор мешавад.

Роҳбари мухолифони Боливия президенти муваққат шуд

Жанин Анес, роҳбари мухолифон дар сенати Боливия баъд аз истеъфои Эво Моралес худро президенти муваққати кишвар эълом кард.

Ба навиштаи Reuters, Анес сарфи назар аз мавҷудияти раъйи кофӣ масъулияти роҳбарии давлатро ба дӯш гирифт. Вакилони ҳизби президенти пешин - "Ҳаракат ба сӯи сотсиализм" - нишасти порлумонро тарк карданд. Аммо Додгоҳи конститутсионии Боливия президентии Жанин Анесро тасдиқ кард. Дар пойтахти Боливия, шаҳри Ла-Пас миёни тарафдорони Жанин Анес ва президенти пешин Эво Моралес задухӯрд шуруъ шуд.

Президенти Боливия Эво Моралес 10 ноябр, пас аз се рӯзи тазоҳуроти гуруҳҳои мухолифи ин кишвар аз мақомаш истеъфо дод. Фармондеҳи Қувваҳои мусаллаҳи Боливия Уилямс Калиман низ рӯзи якшанбе истеъфои Эво Моралесро талаб кард.

Қаблан Моралес дар пасманзари эътирозҳои кишвараш розӣ шуда буд, ки натиҷаҳои расмии интихоботи президентии ахирро бекор ва интихоботи нав эълом кунад. Вай ҳамчунин гуфт, комиссияи интихоботиро барҳам дода, онро аз нав ташкил мекунад.

Эътирозҳо дар Боливия пас аз он оғоз шуданд, ки Додгоҳи олии интихоботии ин кишвар натиҷаҳои интихоботи президентии 20 октябрро эълом кард. Бар асоси натиҷаҳо, Моралес, ки бори чаҳорум президент эълом шуд, беш аз 47 дарсад ва рақиби асосии ӯ Карлос Меса 36 дарсади раъйро ба даст овардаанд.

10 дарсади раъйи бештар ба Моралес имкон медод, ки дар даври аввал баранда эълом шавад. Меса натиҷаҳои интихоботро қабул накард ва бо талаби баргузории раъйгирии нав ҷонибдорони худро ба тазоҳурот даъват намуд. Дар чандин шаҳри Боливия миёни тазоҳургарон ва маъмурони пулис задухӯрдҳо сурат гирифта, дасти кам 3 кас кушта шуд.

Мушакпартоӣ ва ҳамлаи Исроил ба Ғазза давом дорад

Мушакпартоӣ ва ҳамлаи ҳавоии навори Ғазза рӯзи дувум аст, ки аз сӯи Исроил давом дорад. Рӯзи чаҳоршанбе дар пайи ҳамлаҳои ҳавоии Ғазза ду одам кушта шуд. Шумори умумии қурбониҳо аз ҳисоби фаластиниҳо ба 12 тан расид.

Дар камтар аз 2 рӯз ба сӯи Исроил низ аз ҳудуди Ғазза 250 мушак партоб ва қисме аз онҳо дар ҳаво маҳв карда шуд. Дар бораи кушташудаҳои Исроил ҳанӯз хабаре нест, аммо бештар аз 40 тан ҷароҳати сабук бардоштааст.

Артиши Исроил шоми сешанбе ба чаҳоршанбе дар "Твиттер" эълом кард, ки нерӯҳои ҳавоии ин кишвар манзилҳои зисти мақомҳои баландпояи созмони "Ҷиҳоди исломӣ"-ро ҳадаф қарор доданд. Ба иттилои манбаъ, дар навори Ғазза раҳбари "Ҷиҳоди исломӣ" Баҳа Абу ал-Ато кушта шудааст.

Гуруҳи "Ҷиҳоди исломии Фаластин" маҳви Исроилро ҳадаф гузоштааст. Фаъолияти он дар Исроил, ИМА ва кишварҳои Иттиҳоди Аврупо манъ карда шудааст. Вазорати умури дохилии Исроил мегӯяд, Эрон созмони мазкурро сармоягузорӣ мекунад.

Нерӯҳои Исроил ҳамчунин ба самти Димишқи Сурия низ чандин мушак партоб карданд. Дар ин бора хабаргузории расмии Сурия -- SANA иттилоъ дод. Дар Димишқ манзили зисти яке аз раҳбарони дигари созмони "Ҷиҳоди исломӣ" Акрам ал-Ҷуриро ҳадаф қарор доданд.

Пас аз кушта шудани раҳбари "Ҷиҳоди Исломӣ" аз навори Ғазза ба Исроил низ чандин мушак партоб шудааст.

Таркиши маргбор дар Кобул баъд аз озодии раҳбарони Толибон

Мақомоти Вазорати корҳои дохилии Афғонистон гуфтанд, дар таркиши мошини бомбгузоришуда дар Кобул дастикам 7 нафар кушта ва чандин тани дигар захмӣ шудаанд. Нусрат Раҳимӣ, сухангӯи вазорат, ба расонаҳои хориҷӣ гуфтааст, таркиш субҳи 13-уми ноябр дар минтақаи Қасаба, дар шимоли фурудгоҳи Кобул, рух дод.

То кунун масъулияти ҳамларо касе ба уҳда нагирифтааст. Ҳам Толибон ва ҳам гуруҳи даҳшатафкани "Давлати исломӣ" дар Кобул фаъоланд.

Нусрат Раҳимӣ гуфт, ҳамаи қурбониён ғайринизомӣ ҳастанд ва афзуд, "эҳтимол шумори кушташудаҳо афзоиш ёбад".

Ин таркиш як рӯз баъд аз он рух дод, ки ҳукумати Афғонистон се раҳбари Толибон, бо шумули Анас Ҳаққонӣ, бародари хурдии раҳбари шабакаи Ҳаққониро бо шарти раҳоии ду профессори Донишгоҳи амрикоӣ дар Афғонистон озод кард.

Раҳоии онҳоро Ашраф Ғанӣ, раиси ҷумҳури Афғонистон эълон кард, аммо дар бораи сарнавишти асирони ғарбӣ маълумот надод. Мушаххас нест, онҳо кай ва дар куҷо озод хоҳанд шуд.

Кевин Кинг аз Амрико ва Тимоти Викс аз Австралия моҳи августи соли 2016 дар маркази Кобул рабуда шуданд.

Баъзе аз таҳлилгарон умедвор буданд, ки тасмими ахир метавонад хушунатҳоро дар Афғонистон коҳиш дода, роҳро барои музокироти сулҳ ҳамвор кунад. Аммо на Толибон ва на шабакаи Ҳаққонӣ то кунун дар бораи табодули зиндониён изҳори назар накардаанд.

Бархурди сарди Кремл ба пешниҳод дар бораи мулоқоти Путин бо Зеленский

Президенти пешини Қазоқистон Нурсултон Назарбоев пешниҳод кард, ки раҳбарони Украина ва Русия Владимир Зеленский ва Владимир Путин метавонанд, ки дар кишвараш гуфтугӯи мустақимеро анҷом диҳад.

Назарбоев 12-уми ноябр дар як ҳамоиш дар шаҳри Нурсултон гуфт, Зеленский барои иштирок дар чунин мулоқот розӣ шудааст. Вале зоҳиран, Кремл он қадар ҷонибдори ин пешниҳод нест.

Сухангӯи президенти Русия Дмитрий Песков рӯзи сешанбе ба рӯзноманигорон гуфт, Москва ҷонибдори баргаштани муносибатҳои Русияву Украина ба "ҳолати оддӣ" аст, вале ин бидуни "ҳамкории Украина имкон надорад".

"Бешубҳа, Путин бар ин аст, ки мулоқот барои мулоқот камтар суд меорад. Барои он бояд омодагӣ дид. Мо ба омодагиҳо барои "шакли нормандӣ" тамаркуз мекунем",-изҳор дошт Песков бо ишора ба шакли вохӯрие, ки раҳбарони Украина, Русия, Фаронса ва Олмонро ба ҳам меорад.

Муносибатҳои Москва ва Киев пас аз он бад шуданд, ки Русия дар соли 2014 нимҷазираи Қримро ишғол ва аз ҷудоихоҳон дар шарқи Украина ҷонибдорӣ кард. "Агар ба онҳо (Путину Зеленский) минбари бетараф лозим бошад, ман пешниҳод кардам",-гуфт Назарбоев.

Гумонбарон дар қатли тоҷири қирғиз боздошт шуданд

Гумонбарони қатли тоҷир Айеркен Саймаитӣ ангезаҳои ҷинояти содиркардаашонро ошкор карданд. Дар ин бора аз мақомоти пулиси Туркия хабар доданд.

"Шаҳрванди Сурия Алӣ Исбеҳ ва ду шаҳрванди Қирғизистон - Ҳусейн Акматалиев ва Абдуллоҳ Энвер боздошт шуданд. Шаҳрванди Сурия шиносномаи ҷаълӣ дошт. Онҳо дар Сурия бо ҳам ошно шудаанд. Қирғизистониҳо моҳе пеш ба Туркия омаданд. Боздоштшудаҳо дар бозпурсӣ гуфтанд, ки тоҷирро ба хотири мусалмон набуданаш куштаанд", - гуфт Атилла Килич, намояндаи пулиси Туркия.

Айеркен Саймаитӣ шоми 10 ноябр дар шаҳри Истамбули Туркия кушта шуд. Саймаитиро замоне куштанд, ки вай дар наздикии қаҳвахонае дар минтақаи Фотеҳи Истамбул нишаста буд. Қотил аз ҷои ҳодиса фирор кард.

Бахши қирғизии Радиои Озодӣ 29 майи соли равон таҳқиқоти рӯзноманигор Алӣ Тоқтакуновро зери унвони "Аз пайи миллионҳо доллари аз Қирғизистон бурдашуда" нашр кард, ки бар асоси он, тайи солҳои 2011- 2017 ҳудуди 700 млн доллар ба воситаи бонкҳои гуногун ба кишварҳои хориҷ, аз ҷумла ИМА ва Ҳонгконг интиқол дода шудааст.

Расидҳои бонкӣ нишон медиҳанд, ки соҳибкор Айэркин Саймаитӣ ҷамъан ба 13 кишвар, аз ҷумла Туркия, Бритониё, АМА, Олмон ва Русия садҳо миллион доллар фиристодааст. Худи Саймаитӣ солҳои 2015-2017 аз Туркия бо номи ҳамсараш ба ҳисоби бунёди хайрияи ба номи Исмоил Матраимов дар Қирғизистон $2 338 700 гузарондааст.

Ин бунёд ба номи Руслан Матраимов -- бародари хурдии муовини пешини раиси Хадамоти гумруки Қирғизистон Райимбек Матраимов сабти ном аст.

Пештар аз ин хабар дода шуд, ки бо гумони қатли Айеркен Саймаитӣ ду шаҳрванди Қирғизистон ва як шаҳрванди Сурия боздошт шудааст.

Захмӣ шудани 5 шаҳрванди Тоҷикистон дар садамаи нақлиётӣ дар Қазоқистон

Дар як садамаи нақлиётӣ дар Қазоқистон панҷ шаҳрванди Тоҷикистон маҷрӯҳ шудаанд. Ҳодиса дар вилояти Қарағанда рух додааст. Дар сомонаи "Каzakhstan today" омадааст, шаби 11-уми ноябр бинобар яхбандии роҳҳо ронандаи автобуси Ван Ҳул, ки шаҳрванди Қазоқистон будааст, ҳангоми ҳаракат ба самти Алмаато аз ӯҳдаи идораи мусофирбар набаромада, ба як мошини дигар бармехӯрад.

Дар натиҷа 7 мусофири автобус, ки 5 нафарашон зодагони Тоҷикистон буданд, маҷрӯҳ мешаванд. Шумораи умумии мусофирони автобус 15 нафар будааст. Маҷрӯҳон феълан дар бемористон қарор доранд. Садамаи мазкур аз сӯи мақомоти интизомӣ таҳқиқ мешавад.

Ҷудо кардани $300 млн барои таъмири маҷмааи мушакии ба номи Назарбоев

Аскар Мамин, сарвазири Қазоқистон дар ҷаласае дар шаҳри Нурсултони он кишвар гуфт, барои рушди маҷмааи мушакии муштараки Русияву Қазоқистон "Байтерек" 300 миллион доллар ҷудо хоҳад шуд. Моҳи сентябри имсол расонаҳои Русия хабар доданд, ки маҷмааи мазкур ба номи президенти пешини Қазоқистон Нурсултон Назарбоев гузошта шудааст.

"Моҳи апрели соли ҷорӣ дар доираи мулоқоти президенти Қазоқистон Қосимҷомарт Тоқаев бо ҳамтои русаш Владимир Путин ҷонибҳо ба хулоса расиданд, ки амалисозии тарҳи густарда дар Байконур - маҷмааи мушакии "Байтерек" муштаракан ба роҳ монда шавад",-нақли қавл кардааст хабаргузории "Интерфакс" аз Аскар Мамин.

Мамин муҳлати амалисозии тарҳро ошкор накард, аммо ба гуфтаи вай, корҳои сохтмонӣ ба зудӣ шуруъ мешаванд. Ба навиштаи "Интерфакс", бо ташаббуси Русия тарҳ номи "Оғози Назарбоев"-ро хоҳад гирифт.

Моҳи сентябри соли ҷорӣ президенти пешини Қазоқистон Нурсултон Назарбоев ба пешниҳоди президенти Русия Владимир Путин розӣ шуд, ки маҷмааи мушакии "Байтерек" ба "Назарбоев" табдили ном кунад.

Назарбоев ҳанӯз дар замони побарҷоии Иттиҳоди Шӯравӣ - дар соли 1991 - сари қудрат омада, танҳо баҳори имсол аз мақоми президентӣ истеъфо дод. Ҳомиёни ҳуқуқ ва мунаққидон борҳо изҳор доштанд, ки Назарбоев дигарандешонро таҳаммул надорад ва озодиҳову ҳуқуқҳои сокинонро маҳдуд мекунад.

Корея бемористонҳои Узбекистонро бо таҷҳизоти нав таъмин мекунад

"Эскимбонк"-и Кореяи Ҷанубӣ барои харидории таҷҳизоти нави тиббӣ дар бемористонҳои Узбекистон 74 миллион доллар ҷудо мекунад.

Вазорати сармоягузорӣ ва тиҷорати хориҷии Узбекистон 11 ноябр хабар дод, ки дар поёни мулоқот бо намояндагони "Эскимбонк" дар шаҳри Тошканд санади ҳамкорӣ измо шудааст.

Тарҳи мазкур муҷаҳҳаз сохтани бештар аз 150 муассисаи тиббиро дар навоҳии дурдаст ва деҳоти Узбекистон бо таҷҳизоти муосири тиббӣ пешбинӣ мекунад.

Интиқоди Клинтон аз Лондон барои расонаӣ накардани натиҷаи санҷиши дахолати Русия

Номзади пешин ба мақоми президентии ИМА тасмими ҳукумати Бритониёро барои расонаӣ накардани гузориши порлумон дар бораи таъсири Русия ба сиёсати ин кишвар "шарҳнопазир" ва "шармовар" номид.

Клинтон, ки Русияро дар дахолат ба интихоботи президентии Амрико дар соли 2016 айбдор мекунад, 12 ноябр гуфт, шаҳрвандони Бритониё ҳақ доранд, пеш аз рафтан ба назди сандуқҳои раъйдиҳӣ дар рӯзи 12 декабр бо гузориши кумитаи иктишофӣ ва амнияти порлумони худ шинос шаванд.

"Аз ин ки ҳукумат ба расонаӣ шудани гузориш иҷозат намедиҳад, ҳайронам. Ҳар як интихобкунанда ҳақ дорад, ки пеш аз интихоботи шумо бо гузориш шинос шавад",-гуфт ӯ дар суҳбат бо Бӣ-Бӣ-Сӣ.

Гузориши Кумитаи иктишофӣ ва амнияти Бритониёро хадамоти махсуси ин кишвар санҷид, вале ҳукумати сарвазир Борис Ҷонсон ба расонаӣ шудани он иҷозат надод. Ҳукуматдорон гуфтанд, ба онҳо вақт лозим аст, то пайомади расонаӣ шудани гузоришро ба амнияти миллии ин кишвар биомӯзанд. Кумитаи мазкури порлумони Бритониё изҳорот дар бораи амалҳоеро аз сӯи Русия тафтиш кард, ки зидди Лондон равона шудаанд.

Туркия квотаи табобати ройгонро барои қирғизистониҳо афзоиш дод

Туркия квотаи табобати ройгонро дар ин кишвар барои шаҳрвандони Қирғизистон афзоиш дод. Бар асоси қароре, ки дар нашрияи расмии Туркия "Resmi Gazete" нашр шуд, шумори квотаҳо аз 50 адад - то 180 кас дар сол афзоиёш ёфтааст.

Аз имкони табобати ройгон дар Туркия қирғизистониҳое бархурдоранд, ки табобати ҳамсонро наметавонанд дар кишвари худ бигиранд. Квота барои беморони вазнин, аз ҷумла гирифтор ба саратон ё пайванди узв аст. Як қисми беморонро Вазорати тандурустии Қирғизистон ва як қисмро сафорати Туркия дар Бишкек мефиристад. Табобати ройгони қирғизистониҳо дар Туркия дар доираи созишномае сурат мегирад, ки соли 2014 имзо шудааст. Танҳо харҷи роҳ аз ҳисоби бемор хоҳад буд.

Табибони турк низ чандин бор барои анҷоми ҷарроҳиҳои вазнин ба шаҳрҳои Ӯшу Бишкеки Қирғизистон рафтаанд. Туркия ҳамчунин пешниҳод карда буд, ки дар Қирғизистон озмоишгоҳи худро таъсис диҳад.

Reuters: Зеленский розӣ шуд, бо Путин дар Қазоқистон мулоқот кунад

Нурсултон Назарбоев, президенти пешини Қазоқистон пешниҳод кард, ки омода аст, мулоқоти роҳбарони Русияву Украинаро ташкил кунад.

Назарбоев мегӯяд, вай то кунун розигии Владимир Зеленский, президенти Украинаро барои мулоқот дарёфт ва дар ин бора ба Владимир Путин, президенти Русия хабар додааст. Киеву Москва ин иттилоъро шарҳ надодаанд.

"Ман ризоияти Зеленскийро барои мулоқоти як ба як дарёфт кардам ва дар ин бора ба президенти Русия хабар додам. Агар майдони бетарафе зарур бошад, ман Қазоқистонро пешниҳод кардам", - менависад Reuters аз қавли Назарбоев.

Вадим Пристайко, вазири корҳои хориҷии Украина гуфт, Зеленский дар талоши сохтани муносибатҳое бо Русия аст, ки баъди он дар хоки Украина дигар одамон кушта нашаванд.

Қатъи ҷанг дар Донбасс яке аз ваъдаҳои интихоботии Владимир Зеленский буд. Моҳҳои охир Киев дар талоши баргузории "Нишасти Нормандӣ" аст. Украина бо ташкили нишасти Нормандӣ мехоҳад, низоъро танзим кунад, аммо санаи баргузории нишасти эҳтимолӣ то кунун дақиқ нашудааст.

Ҳафтаи фарҳангии Узбекистон дар Душанбе ва Данғара

Нишасти хабарии вазирони фарҳанги Тоҷикистону Узбекистон дар Душанбе. 12-уми ноябри соли 2019

Дар Тоҷикистон ҳафтаи фарҳангии Узбекистон баргузор мешавад. Ба ин муносибат ҳайати 57-нафарии ҳунармандони узбек ба кишвар омадаанд.

Маросим рӯзи 13-уми ноябр дар ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон шуруъ шуда, 14-уми ноябр бо “Шоми дӯстӣ” дар Душанбе ба поён хоҳад расид.

Қабл аз оғози ифтитоҳи ҳафтаи фарҳангии Узбекистон дар Тоҷикистон рӯзи 12-уми ноябр дар Театри опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ намоиши аксҳо дар мавзӯи "Узбекистони муосир" ва нишасти хабарии вазирони фарҳанги ду кишвар баргузор шуд.

Шамсиддин Орумбекзода, вазири фарҳанги Тоҷикистон гуфт, "дар Тоҷикистон ҳудуди 30 дарсади аҳолиро бародарони узбек ташкил медиҳанд. Ба онҳо ҳеч маҳдудият вуҷуд надорад. Онҳо дорои дастаҳои ҳунарӣ ҳастанд ва дар ҳар маросими давлатӣ иштирок мекунанд."

Ин дар ҳолест, ки қаблан мақомоти тоҷик шумораи узбекҳоро дар Тоҷикистон ҳудуди 10-15 дарсад ҳисоб карда буданд.

Бахтиёр Сайфуллоев, вазири фарҳанги Узбекистон гуфт, дар кишвари онҳо низ “тоҷикон андак нестанд”, аммо шумораи дақиқеро ба забон наовард. Вай танҳо гуфт, "дар ҳамаи вилоятҳои Узбекистон мактабҳои тоҷикӣ фаъол аст. Ҳамчунин дар бештаре аз донишгоҳҳо шӯъбаҳои таълим ба забони тоҷикӣ вуҷуд доранд."

Зимнан, эълон шуд, ки Шералӣ Ҷӯраев, Абдуҳошим Исмоилов ва Оқобек Собиров, овозхонони саршиноси узбек шомили ҳайати ҳунарии Узбекистон ҳастанд. Аз соли 2017 ба ин тараф бори дувум аст, ки рӯзҳои фарҳангии Узбекистон дар Тоҷикистон баргузор мешавад.

Дар Турқузободи Эрон "зарраҳои ураниюм"-ро ёфтаанд

Акс аз бойгонӣ

Дидбони ҳастаии Созмони Милали Муттаҳид мегӯянд, нозирони он дар як маҳалли эълоннашуда дар Эрон “зарраҳои табиии урани пайдошуда аз антропоген”-ро ёфтаанд.

Хабаргузориҳои ғарбӣ рӯзи 11-уми ноябр дидаанд, ки Оҷонси байналмилалии энержии атомӣ (МАГАТЭ) ин маҳалро дар гузориши пинҳонии семоҳаи худ, ки ба кишварҳои узв мефиристад, нишон надодааст.

Исроил Эронро айбдор кардааст, ки дар макони эълоннашуда, ноҳияи Турқузобод дар канораи Теҳрон, фаъолиятҳои ҳастаӣ мекунад.

Дар гузориши Оҷонси байналмилалии энержии атомӣ ҳамчунин гуфта шудааст, ки захираҳои урани камғанишуда бо вуҷуди вайрон кардани созишномаи ҳастаии соли 2015 бо қудратҳои ҷаҳонӣ афзоиш ёфта ва тасдиқ мекунад, кишвар ҳоло уранро дар коргоҳи ҳастаии худ Фордов бой мекунад. Он ҳам аз рӯи шартномаи ҳастаӣ манъ карда шудааст.

Тибқи гузориш, Эрон ҳар моҳ баровардани уранро то 100 кило афзоиш медиҳад ва ин нишондод аз соли пеш дида 4 кило зиёдтар аст.

Теҳрон оҳиста-оҳиста баъзе аз ӯҳдадориҳои худро аз рӯи созишномаи ҳастаӣ кам кард, зеро Иёлоти Муттаҳида моҳи майи 2018 аз созишномае, ки ба Эрон дастрасиро ба тиҷорати ҷаҳонӣ ба ҷойи пешгирӣ аз барномаи ҳастаиаш фароҳам оварда буд, берун шуд ва ба Эрон таҳримҳои сахт ҷорӣ кард.

Президенти Тоҷикистон дар Форуми сулҳи Порис бо дабири кулли СММ вохӯрд

Раиси ҷумҳури Тоҷикистон дар Форуми сулҳи Порис иштирок кардааст. Форуми Порис, ки рӯзи 12-уми ноябр оғоз шуд, иттиҳодияи мустақил ва ғайритиҷоратӣ мебошад. Ин форум ҳамасола баргузор мешавад ва ҳадафи он дарёфти роҳҳои ҳалли коҳиши ташаннуҷҳо, таҳкими сулҳ, мубориза бо тағйирёбии иқлим, ҳалли мушкилоти фаромарзӣ, мудирияти муштараки мероси фарҳангии ҷаҳонӣ ва муқовимат бо қаллобии иттилоотӣ ва дигар мавзуъҳо мебошад.

Тибқи иттилои дафтари матбуоти раёсати ҷумҳури Тоҷикистон, дар ҳошияи ин ҳамоиш, оқои Раҳмон бо дабири кулли СММ Антониу Гуттериш, президенти Форуми сулҳи Порис Паскал Ламӣ, раиси ҷумҳури Фаронса Эммануэл Макрон, президенти Кипр Никос Анастасиадес, президенти Комиссияи Аврупо Урсула фон дер Ляйн мулоқот кардааст.

Раиси ҷумҳури Тоҷикистон аз 9 рӯз ба ин тараф дар сафари аврупоӣ қарор дорад. Сафари ӯ рӯз 4-уми ноябр аз Швейтсария оғоз шуд ва баъдан дар Фаронса идома кард.

Дар остонаи дидори раиси ҷумҳури Фаронса бо Эмомалӣ Раҳмон, дастикам ду созмони муътабари дифоъ аз ҳуқуқи башар ва озодии матбуот аз Эммануел Макрон хоста буданд, ки ба масъалаи саркӯбу ҳабси мунтақидон, шиканҷа, маҳдудияти озодии баён ва маргумири боздоштшудаҳо дар Тоҷикистон "чашм напӯшад".

Ҳамчунин гуруҳе аз мухолифони тоҷик, бо шумули намояндагони "Паймони Миллӣ", ки дар Тоҷикистон бар асоси қарори додгоҳ мамнуъ ва ифротӣ эълон шудаанд, рӯзи 8-уми ноябр дар Париж таҷаммӯи эътирозӣ баргузор карданд. Онҳо озодии маҳбусони сиёсӣ, хатми шиканҷа дар зиндонҳо ва баргузории интихоботҳои озоду шаффофро талаб карданд.

Сарони кишварҳои узви СПАД дар Қирғизистон ҷамъ меоянд

Президентҳои кишварҳои узви СПАД - Созмони паймони амнияти дастаҷамъӣ рӯзи 28 ноябр дар Қирғизистон гирди ҳам меоянд. Дар ин бора аз маркази матбуотии президенти Қирғизистон хабар доданд.

Сооронбой Ҷеенбеков, президенти Қирғизистон бо вазири корҳои хориҷиаш Чингиз Айдарбеков омодагӣ ба баргузории ҷаласаи Шӯрои СПАД-ро баррасӣ кард.

Қарор аст, ҳамчунин президенти Қазоқистон Қосимҷомарт Тоқаев рӯзи 27 ноябр ба Қирғизистон сафари давлатӣ анҷом диҳад. Рӯзи 28 ноябр ҷаласаи Шӯрои СПАД баргузор ва дар он роҳбарони Белорус, Қазоқистон, Русия, Тоҷикистон ва сарвазири Арманистон ширкат хоҳанд кард.

СПАД дар соли 1992 таъсис шуда, айни ҳол Қирғизистон, Қазоқистон, Русия, Тоҷикистон ва Белорус аъзои он ҳастанд. СПАД бо ҳадафи "тақвияти сулҳ, амнияту устуворӣ дар минтақа ва ҷаҳон, ҳифзи дастаҷамъии истиқлол, ягонагии марзӣ ва тамомияти арзии кишварҳои узв таъсис шудааст".

Ёфтҳои бештар

Гузоришҳои видеоӣ

Тоҷикистону Эрон масъалаи визаро баррасӣ карданд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:10 0:00
XS
SM
MD
LG