Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Афзоиши табодули тиҷории Тоҷикистон


Бино ба иттилоъи Кумитаи давлатии омори Тоҷикистон мизони доду ситади тиҷории ин кишвар бо мамолики хориҷ дар ҳоли афзоиш аст. Тибқи омори расмӣ ҳамакунун шарики асосии тиҷории Тоҷикистон дар табодули молу коло миёни кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил Русия боқӣ мемонад. Мубодилаи мол миёни ин ду кишвар 490 миллион долларро ташкил медиҳад. Ин нишондод дар миёни Тоҷикистон ва Ӯзбекистон низ афзоиш касб кардааст ва табодули тиҷорӣ байни ду кишвар баробар ба 243 миллион ва бо Қазоқистон қариб 215 миллион доллари амрикоӣ будааст. Аммо ба иттилоъи Кумитаи давлатии омор, мубодилаи молу колои Тоҷикистон бо кишварҳои хориҷи дур низ дар ҳоли афзоиш аст. Масалан, бо Ҳуланд Тоҷикистон ба маблағи беш аз 570 миллион доллар, бо Туркия 480 ва бо Чин ҳудуди 160 миллион доллар мубодилаи коло дорад. Дар соли гузаштаи 2006 Тоҷикистон дар маҷмӯъ бо 88 кишвари ҷаҳон муносиботи тиҷорӣ доштааст. Мубодилаи молу колои Тоҷикистон дар ин сол аз марзи се миллиарду 121 миллион доллари амрикоӣ берун рафтааст, ки ин дар қиёс бо соли пешин ҳудуди 40 дарсад зиёд аст.

Носирҷони Маъмурзода, Душанбе
XS
SM
MD
LG