Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

24 март - оғози мусобиқоти қаҳрамонии футболи Тоҷикистон


Дар ин бора Мирзо Маҳмадҷонов, ноиби раиси Федеросиюни футболи Тоҷикистон ба радиои Озодӣ хабар дод. Вай афзуд, дар мусобиқоти имсола 12 ва ё 14 даста ширкат карда, дар ду давра рақобат хоҳанд кард.

Дар айни ҳол дастаҳои маъруфи кишвар - «Регар» ТадАЗ-и Турсунзода, «Хима»-и Душанбе, «Вахш»-и Қӯрғонтеппа, «Парвоз»-и Бобоҷон Ғафуров, CSKА-и Душанбе, «Хуҷанд»-и Хуҷанд, «Тоҷиктелеком»-и Қӯрғонтеппа, «Саройкамар»-и Панҷ, «Ориёно»-и Душанбе ва се тими ҷадид - «Энергетик» -и Душанбе, «Гвардия»-и Душанбе ва «Ҳосилот»-и Данғара барои ширкат дар ин мусобиқот мувофиқати худро изҳор кардаанд. Ҳамчунин боз ду дастаи вилояти Суғд - «Олими Каримзод»-и Мастчоҳ ва «Апрелёвка»-и Қайроққум метавонанд ба ин тимҳо ҳамроҳ шаванд, вале онҳо то имрӯз ширкати худро дар мусобиқоти лигаи олӣ тасдиқ накардаанд.

Оқои Маҳмадҷонов, ҳамчунин иттилоъ дод, ки қабл аз шурӯъи бозиҳои дастаҳои лигаи олӣ , мусобиқоти анъанавӣ барои дарёфти Ҷоми ёдбуди Рустам Долтабоев, яке аз поягузорони футболи тоҷик баргузор мешавад. Давраи аввали бозиҳо дар се минтақа - Душанбе, Хатлон ва Суғд аз 16 то 28 феврал идома хоҳад кард. Давраи ниҳоӣ аз 2 то 12 март дар шаҳрҳои Хуҷанд, Қайроққум ва ноҳияи Ҷаббор Расулови вилояти Суғд доир мешавад.
XS
SM
MD
LG