Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Садама дар нерӯгоҳ Хоруғро бебарқ гузоштааст


Бар асари як садама дар нерӯгоҳи барқи обии Помир - 1 шаҳри Хоруғ ва қисман навоҳии Шуғнон, Рӯшон, Роштқалъа ва Ишкошим бе нерӯи барқ мондаанд.


Масъулин гуфтаанд, садама дар нерӯгоҳ шаби гузашта рух додаст ва дар ҳоли ҳозир, иллати сар задани он муайян мешавад. Бино бар гуфтаи масъулин, онҳо дар айни ҳол дар пайи рафъи оқибатҳои садама ва таъмир қарор доранд.


Тасмим шудааст, ки барои таъмини иншооти зарурӣ аз нерӯи барқи нерӯгоҳи Хоруғ истифода шавад.
XS
SM
MD
LG