Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Натоиҷи маросими қуръакашии Ҷоми раиси AFC


Севвумин давраи ин мусобиқот аз 17 то 27 майи соли 2007 дар шаҳри Лоҳури Покистон баргузор хоҳад шуд. Бар асоси қуръакашӣ «Регар» ТадАЗ дар гурӯҳи «А» бо тимҳои «Транспорт Юнайтед» - и Бутан, «Артиши Покистон» ва «Ратнам»-и Шри-Ланка рақобат мекунад.

Муҳаммадҷон Ҳабибуллоев, сармураббии тими «Регар» ТадАЗ ба радиои Озодӣ гуфт: "Соли 2005 мо нахустин барандаи Ҷоми раиси AFC гардида, минҷумла бо тимҳои қаҳрамони футболи Бутан ва Шри-Ланка зӯрозмоӣ карда будем. Ба андешаи ман, аз гурӯҳи "А" дастаи мо ва тими мизбон - "Артиши Покистон" ба давраи ниманиҳоӣ роҳхат мегиранд."

Ба гурӯҳи «В» тимҳои «Дордой-Динамо»-и Қирғизистон - барандаи Ҷоми раиси AFC дар соли 2006, «Кхемара»-и Камбоҷа, «Татунг»-и Тайван ва қаҳрамони Непал, ки ахири моҳи феврал муайян мешавад, дохиланд.


Бад-ин тартиб дар севвумин давраи Ҷоми раиси AFC қаҳрамонҳои футболи ҳашт кишвари қора, ки ба гурӯҳи «дар ҳоли зуҳур» шомиланд, ширкат меварзанд. Марҳилаи муқаддамотӣ дар ҳарду гурӯҳ 22 май ба анҷом мерасад. Бозиҳои ниманиҳоӣ бо ширкати чаҳор дастаи беҳтарин 24 ва 25 май ва бозии ниҳоӣ 27 май дар шаҳри Лоҳури Покистон баргузор хоҳанд шуд.
XS
SM
MD
LG