Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Оби тоза"-и Швейтсария барои аҳолии Суғд


МИ

Ҳукумати Швейтсария ба татбиқи марҳилаи аввали як барнома ҷиҳати таъмини сокинони Суғд бо оби тоза шурӯъ кардааст.


Рудолф Шох, консули Швейтсария дар Тоҷикистон гуфт, ин барнома дар 6 моҳи аввал обрасонӣ ба 10 деҳаи ноҳияи Конибодомро дар бар мегирад, ки 30 ҳазор нафар сокин доранд. Ва сармояи барнома наздики 150 ҳазор доллари амрикоӣ мебошад.


Бо вуҷуди он ки устони Суғд захираи бузурги об дорад ва бузургтарин рӯди Осиёи Марказӣ – Сир аз маркази Хуҷанд убур мекунад, ағлаби аҳолии вилоят оби тозаи нӯшиданӣ надорад. Ба иллати набуди шабакаи ягонаи обрасон одамон дар деҳот аз оби нотозаи ҷубору наҳрҳо истифода мекунанд. Сокинони шаҳрҳои Суғд, аз ҷумла Хуҷанд низ ба иллати фарсуда ва хароб шудани шабакаҳои обрасон бо камбуди шадиди об рўбарўянд. Мақсуд Одинаев, ҳамоҳангсози барномаҳои иқтисодии Швейтсария дар мисоли ноҳияи Конибодоми устони Суғд мегӯяд, ки дар ҳоли ҳозир аз 47 ҳазор сокини ин ноҳия танҳо 15 ҳазор ба оби тоза дастрасӣ доранд.


Рудолф Шох мегӯяд, дар нимаи дуввуми соли 2007 аз сӯи ин кишвар марҳилаи асосии барномаи оби тоза барои бархе дигар аз сокинони Суғд, бо масрафи тақрибан 2 миллион доллар ёрии бебозгашт оғоз хоҳад ёфт.
Маъсуми Муҳаммадраҷаб, Хуҷанд
XS
SM
MD
LG