Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бардоштҳои CPJ аз вазъи матбуот дар Тоҷикистон


Дар бахши марбут ба Тоҷикистони гузориши Кумитаи амрикоии дифоъ аз хабарнигорон гуфта шудааст, ки тайи соли гузашта дар Тоҷикистон ягон нашрияи ҳаррӯза чоп нашуд, ҳафтаномаҳои мустақил таҳти фишор қарор гирифтанд, радиову телевизионҳои хориҷӣ ба мушкили пахши барномаҳо мувоҷеҳ шуданд ва нашри чанд сомонаи интернетие, ки дар бораи ҳукумат матолиби танқидӣ чоп мекард, муваққатан боздошта шуд. Муаллифони гузориш ба он ишора кардаанд, ки моддаи 137-уми Кодекси ҷиноии Тоҷикистон барои танқиди раисиҷумҳур панҷ соли маҳбасро муқаррар кардааст. Тайи соли 2006 парлумони Тоҷикистон беш аз 40 тағйирот ба қонуни матбуотро қабул кард, ки аз ҷумла, тибқи яке аз онҳо, бояд ҳама расонаҳои хабарии мустақил муҷаввизи вазорати фарҳангро дарёфт кунанд.
Кумитаи дифоъ аз хабарнигорон ҳамчунин аз қазияи қатъи пахши барномаҳои родиёии BBC дар мавҷҳои FM ёдовар шудааст. Талошҳои ин рaдиo барои пахши дубораи барномаҳои дар амвоҷи FM натиҷае бор наоварданд - моҳи июл ҳукумати Тоҷикистон изҳор намуд, ки ҳалли қазия фақат баъди имзои созишномаи байниҳукуматӣ миёни Тоҷикистону Бритониё имконпазир хоҳад шуд. Ва ин дар ҳолест, ки ба навиштаи Кумитаи дифоъ аз хабарнигорон, радио дар Тоҷикистон яке аз манбаъҳои аслии ахбор аст. Дар кишваре, ки ба иттилоъи Бонки ҷаҳонӣ ва Созмони милал, моҳонаи миёнаи шаҳрвандон ҳудуди 27 доллари амрикоист, на ҳама имкони дастрасӣ ба телевизиони маҳвораӣ ва Интернетро доранд, омадааст дар гузориши CPJ.
Кумитаи дифоъ аз хабарнигорон гузориш додааст, ки соли гузашта се телевизиони мустақили маҳаллӣ - "Исфара" дар шаҳри Исфара, "Симо" дар Панҷакент ва "Устурушана" дар шаҳри Истаравшан аз сӯи вазорати мухобирoт барои сари вақт пардохт накардани маблағи авмоҷ ба маҳкама кашида шуданд. Созмони "Интернюс", мақараш дар Амрико гузориш медиҳад, қазия фақат баъди он ҳаллу фасл гардид, ки ин телевизионҳо барои пахши барномаи "Минбари ҳукумат" розӣ шуданд. Ҳамзамон ҳукумат сармоягузории родиёву телевизиони давлатиро 25 дар сад боло бурдааст.
Ба иттилоъи Кумитаи дифоъ аз хабарнигорон, қабл аз интихоботи раисиҷумҳури Тоҷикистон, мақомот барои чанд рӯз дастрасӣ ба панҷ сомонаи интернетии мунтақиди давлати Тоҷикистон -"Сеntrasia.ru", "Ferghana.ru", "Arianastorm.com", "Charogiruz.ru" ва "Tajiktimes.ru"-ро масдуд карданд. Ҳамчунин, ёдовар мешавад гузориши Кумитаи дифоъ аз хабарнигорон, тайи соли гузашта низ талошҳо барои эҳёи нашри ҳафтаномаҳои маъруфи "Нерӯи сухан", "Рӯзи нав" ва "Одаму олам" бидуни натиҷа поён ёфтанд.
XS
SM
MD
LG