Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Анҷоми Бозиҳои зимистонаи Осиёӣ дар Чин


Чин бо касби 61 медал - 19 тилло, 19 нуқра ва 23 биринҷӣ дар ҳисоби умумии дастаӣ ҷойи аввалро соҳиб шуд. Ҷопон, ки ҳамагӣ 36 медал - 13 тилло, 9 нуқра ва 14 биринҷӣ ба даст овард, дар ҷойи дуввум қарор гирифт. Куриёи Ҷанубӣ бо 33 медал - 9 тилло, 13 нуқра ва 11 биринҷӣ ҷойи севвумро азони худ кард. Дар байни шаш кишваре, ки соҳиби медалҳо гаштаанд, Қазоқистон бо 18 медал - 6 тилло, 6 нуқра ва 6 биринҷӣ ҷойи чаҳорумро ишғол намуд. Тими мунтахаби ду кишвари дигар - Узбакистон ва Муғулистон, ки ҳар кадом як медали биринҷӣ ба даст овардааст, дар ҷойи панҷум қарор гирифтанд.

Дар рӯзи охирини бозиҳо варзишгарони тоҷик дар шаҳри Ҷилин дар навъи дигари лижаронии кӯҳӣ - слалом рақобат карданд. Абдураҳим Қурбонови 19-сола бо натиҷаи умумии 2 дақиқаю 43,96 сония байни 37 лижарони 14 кишвари қора мақоми 33-умро касб намуд. Варзишгари дигари тоҷик Насрулло Зокирови 37-сола бо натиҷаи умумии 2 дақиқаю 47,44 сония дар мақоми 35-ум қарор гирифт. Вале ин натиҷаҳо нисбат ба натиҷаи дар навъи гагант-слалом ба даст овардаи лижарони дигари тоҷик Алишер Қудратови 21-сола (ҷойи 23-ум) 10-12 зина поинтар аст. Дар ин навъи рақобатҳо низ Икута Ясуҳиро аз Ҷопон бо натиҷаи умумии 1 дақиқаю 47,92 сония соҳиби медали тилло гардид. Варзишгари Куриёи Ҷанубӣ Канг Мин Ҳеук (1:48,54) бо медали нуқра ва лижарони ҷопонӣ Ҳанада Масашӣ (1:48,85) бо нишони биринҷӣ сарфароз шуданд.

Ва як хабари тоза барои мухлисони футбол. Тими мунтахаби олимпии футболи Тоҷикистон барои ширкат дар бозии интихобии мусобиқоти олимпӣ бо тими Узбакистон рӯзи душанбеи 5 феврал ба шаҳри Тошканд сафар кард.

Бозии аввали олимпийчиёни Узбакистон ва Тоҷикистон рӯзи чоршанбеи 7 феврал дар варзишгоҳи марказии «Пахтакор»-и Тошканд ва бозии ҷавобӣ 14 феврал дар варзишгоҳи марказии Душанбе баргузор мешаванд.
XS
SM
MD
LG