Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Помир пас аз миллионҳо сол


Латифи Латиф Ҳамнафасоне ҳастанд, ки филми машҳури "Миллионҳо сол пеш аз замони мо"-ро хуб дар хотир доранд, зеро он яке аз беҳтарин филмҳои солҳои 70-уми садаи гузашта буд ва аз ишқи одамони ибтидоӣ дар пасманзари задухӯрди динозавру бронтозаврҳо ҳикоят мекард.

Дар замони динозаврҳо, ба гуфтаи олимон, замин ба қитъа ё қораҳо ҷудо нашуда буд ва Амрикои Ҷанубӣ бахше аз Африқои имрӯзаву Аврупо қисмате аз Африқои Шимолӣ ва Ҳиндустон ҳамсояи Австралиё буданд.

Донишманди муосири амрикоӣ Мартин Скортезе мегӯяд, баъд аз 250 миллион соли ҳамаи қитъаҳо аз нав ба ҳам васл мешаванд ва уқёнуси Ҳинд аз ҷумла ба яке аз кӯлҳои миёни хушкӣ табдил меёбад. Вай пас аз пажӯҳишҳои сисола ба чунин натиҷа расидааст. Ба пурсиши хабарнигори Ню Йорк Таймс, ки оё чӣгуна мешавад, чунин таҳавулеро пешгӯӣ кард, Скортезе гуфт, агар шумо дар мошине нишаста бошед ва бо суръати 60 километр дар соат ба шоҳроҳи Лос Анҷелис дар ҳаракат бошед, медонед, ки ба куҷо мерасед? Ман ҳам ба ҳамин тариқ кашф кардам, ки ояндаи Замин чӣ мешавад.

Пас аз мутолиаи сомонаи интернетии Донишгоҳи Чикаго мо ба ҷаноби Скортезе занг задем ва ҳамсӯҳбат шудем.
Пурсиши аввал ин буд, ки оё назарияи мазкурро ба сурати умум чӣ ном метавон гузошт ва ҳадаф аз он чист?

Мартин Скортезе: Ин як талоши ман аст барои фаҳмидани таърихи Замин ва ман рағбат дорам, бидонам, ки Замин дар тӯли замон чӣ гуна тағйир мекунад. Ва ба фикри ман, нақшаҳое ки ман сохтам, ба одамон ва ба ширкатҳои маъдану нафт кӯмак мекунанд, ташаккули захираҳои табииро беҳтар дарк кунанд.

Ҳамнафас: Оё назарияи Шумо бар асоси кадом далелҳо бунёд ёфтааст?

Мартин Скортезе: Ин назария ба ҳама гуна иттилоъи заминшиносӣ ва геофизикӣ асос ёфтааст. Ва ман ин иттилоъро тайи сӣ сол ҷамъоварӣ кардам. Ва аксари ин иттилоъ муқаррарист, ба монанди ташаккули ҷинсҳои кӯҳӣ, таърихи муҳити зист ва ғайра. Ҳамаи ин дар барномаи махсуси нақшакашии компютерӣ бозбинӣ шуд бо номи GIS, ки ин иттилоъро тафсир мекунад.

Ҳамнафас: Ин ҷо асосан равандҳои табиӣ дар назар дошта шудаанд, аммо фаъолиятҳои инсон низ ба ин равандҳо таъсир доранд?

Мартин Скортезе: Ман фикр мекунам, фаъолиятҳои инсон ба дигаргуниҳои тектоникии замин таъсир надоранд ва онҳо бештар ба вазъи муҳити зист таъсир мерасонанд.

Ҳамнафас: Яке аз марзҳои тектоникӣ тақрибан аз наздикиҳои Тоҷикистон мегузарад. Оё ба ин минтақа низ диққат додаед?

Мартин Скортезе: Ба фикрам, ман минтақаи шуморо камтар мешиносам, вале медонам, заминҷунбӣ дар ин ҷо зиёд аст ва кӯҳҳои баланди Помир дар Тоҷикистон аст ва минтақаи бисёр шавқангезу фаъолест аз лиҳози омӯзиши заминшиносон.

Ҳамнафас: Хуб, аммо дар Тоҷикистон ва Помир, пас аз миллионҳо сол чӣ чиз иттифоқ хоҳад афтод?

Мартин Скортезе: Бисёр чизҳо рӯй хоҳад дод ва муҳимтаринаш ин аст, ки дар натиҷаи бархӯрди Африқо ва Аврупо қисмати ҷанубии Аврупо ба Тоҷикистон наздик хоҳад шуд ва кӯҳҳои Тоҷикистон дар оянда ҳамвортар мешаванд ва дар 50 миллион соли дигар аз лиҳози заминларза Тоҷикистон оромтар мешавад.

Ҳамнафас: Назарияи Шумо дар бораи Амрико баҳсҳои зиёдеро ба миён овард, асли матлаб чист?

Мартин Скортезе: Ҳаяҷоновартарин таҳаввулоти Амрико ба Колифониё ва Шахпораи Аляско пайванд хоҳанд дошт. Колифорниё ба самти шимол ҳаракат хоҳад кард ва шаҳри Лос Анҷелис ба як гӯшаи шаҳри Сан Франсиско табдил хоҳад ёфт ва онҳо якҷоя ба Аляско пайванд хоҳанд шуда, бахше аз қаторкӯҳҳои ҷануби Аляскоро ташкил хоҳанд дод.

Ҳамнафас: Агар касе дар Тоҷикистон ба назарияи Шумо таваҷҷӯҳ пайдо кунад, иттилоъи бештарро аз куҷо ёфта метавонад?

Мартин Скортезе: Мо сомонаи интернетие дорем, ки дар соли 1998 нашр кардем. Ва дар ин муддат 30 миллиион нафар аз он дидан кардаанд. Он барои таълими улуми заминшиносӣ хеле муфид аст. Он барои ҳар касе ки ба таърихи Замин рағбат дорад низ муфид аст ва ҳам барои онҳое ки мехоҳанд ояндаи заминро бидонанд.


Ҳамин гуна гуфтугӯе буд бо устоди Донишгоҳи Чикаго, профессор Мартин Скортезе дар бораи натиҷаҳои тадқиқоти сисолаи ӯ. Нишонаи сомонаи интернетии ҷаноби Скотезе чунин аст www.scortese.com Албатта, мову шумо чандон умедвор нестем, ки 50 ё 250 миллион соли дигар умр бинему ба рӯзгоре расем, ки роҳи миёни Тоҷикистону Итолиё аз нақби Уштур ҳам кӯҳтотар шавад, вале хуб аст, агар тасаввур кунед, ки пуштҳои баъдина дар чӣ мулку хоҳанд зист ва чӣ мулкеро ба онҳо мерос мегузорем.
XS
SM
MD
LG