Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Омӯзгорони журналистикаи тоҷик дар Амрико


vi

Барои нахустин бор дар доираи барномаи табодулии Оҷонси амрикоӣ оид ба рушд, як гурӯҳи муаллимони журналистика аз Тоҷикистон аз шаҳри Сент Люиси иёлати Миссури дидан карданд.


Масъули барнома дар Сент Люис, хонум Отто Ҳаррис гуфт, қаблан дар чаҳорчӯби ин барнома ҳайъатҳои Русияву Белорус ва Укроин аз ин шаҳр дидан карда буданд.


Гурӯҳи иборат аз даҳ нафари Тоҷикистон дар оилаҳои амрикоӣ ба сар мебаранд ва ин имкон медиҳад, ки онҳо бо ҳаёти амрикоиҳо аз наздик ошно бишаванд. Омӯзгорони тоҷик дар ҷараёни сафар бо ҳамкасбони худ ва донишҷӯён дар донишгоҳҳои Миссури, Колумбия мулоқот доштанд ва бо фаъолияти расонаҳои хабарии маҳаллӣ шинос шуданд.
Мирзоҷалоли Шоҳҷамол, Сент Люис, ИМА
XS
SM
MD
LG