Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Корхонаҳои Тоҷикистон дар Prod Expo - 2007 ширкат меварзанд


Панҷ корхонаи коркарди мева ва сабзавоти Тоҷикистон дар намоишгоҳи байнулмилалии саноати ғизо ва нӯшока мавсум ба Prod Expo -2007 аз ин кишвар намояндагӣ мекунанд. Чаҳордаҳумин намоишгоҳи байнулмилалии саноати хӯрока ва нӯшока рӯзҳои 12 - 16 феврал дар шаҳри Маскав баргузор мешавад. Ин намоишгоҳ бо мусоидати ҳукумати шаҳри Маскав, Вазорати кишоварзии Русия ва палатаи тиҷорат ва саноати Русия доир мешавад.


Бо кӯмаки молӣ ва фаннии Маркази байнулмилалии тиҷорат (ITC) ва Идораи давлатии Швейтсария оид ба иқтисод (SECO) панҷ корхонаи бузургтарини коркард ва тавлиди маҳсулоти мевагӣ ва сабзавот аз Тоҷикистон дар бузургтарин намоишгоҳи маҳсулоти хӯрока дар ҳудуди собиқ Шӯравӣ ширкат мекунанд. Ин корхонаҳо «Гули Кӯҳсор» ва «Шарбатҳо» аз шаҳри Душанбе ва гурӯҳи «Нур», «Карафшон» ва корхонаи консервбарории шаҳри Исфара аз вилояти Суғд мебошанд.


Гуфта мешавад, бо назардошти ниёз ба вуруди сареътар ба бозори кишварҳои дигар, қабл аз ҳама Русия ва Қазоқистон, иштироки корхонаҳои Тоҷикистон дар чунин як намоишгоҳ барои ин корхонаҳо имконоти хуби муаррифии маҳсулоти худ ва дарёфти харидорон ва ҳамкорони нав дар хориҷ аз кишварро фароҳам меоварад. Соҳаи коркарди мева ва сабзавот дар Тоҷикистон аз соҳоти афзалиятноки дастгирӣ унвон шуда ва имконоти содиротии маҳсулоти мевагӣ ва сабзавотӣ ба берун аз Тоҷикистон болотар аз дигар соҳаҳо будааст. Бино бар ҳарфи масъулини Маркази байнулмилалии тиҷорат, пешрафти ин соҳа метавонад дигар соҳаҳои кишоварзиро низ ба дунболи худ ба сӯи рушд бибарад, аҳолии рустоии кишварро ба парвариши меваву сабзавот ҳавасманд созад ва тавсеъаи фаъолияти корхонаҳо мардумро бо ҷои кор таъмин карда дар самти коҳиши мизони фақр дар Тоҷикистон саҳм бигзорад.


Сафари сарварони корхонаҳои тоҷик ба намоишгоҳи Маскав дар чаҳорчӯби як тарҳе бо номи "Пешбурди тиҷорат дар Тоҷикистон" сурат мегирад. Самти аслии фаъолияти ин тарҳ дастгирии соҳаи коркарди мева ва сабзавоти Тоҷикистон, боло бурдани имконоти рақобатпазирии корхонаҳои коркард ва тавлиди маҳсулоти мевагӣ ва сабзавотии Тоҷикистон дар бозорҳои беруна ва мусоидат ба боло бурдани иқтидори содиротии кишвар дар ин росто будааст. Ин лоиҳаи ҳукумати Тоҷикистон буда аз ҷониби ҳукумати Швейтсария, мушаххасан, Идораи давлатии Швейтсария оид ба иқтисод (SECO) маблағгузорӣ мешавад. Дар ҳоли ҳозир давраи дуввум ва ниҳоии ин лоиҳа дар ҳоли иҷро қарор дорад ва он то соли 2008 идома карда буҷаи он як миллион доллари амрикоиро ташкил медиҳад.
XS
SM
MD
LG