Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Лабханд, ришханд, писханд...


Имомназари Холназар, адиби ҳаҷвнигори тоҷик мегӯяд, лабханд, шакарханд ва хандоханд навъҳои хандаи мусбатанд. Хандае, ки дар ниҳоди инсон, ҳангоми хушҳолӣ рӯ мезанад: «Ин хандаи беовоз, ба фикри ман. Хандаи нозук, хандаи малеҳ ва хандае, ки бояд бештар ба зан нисбат дода шавад».

Оқои Имомназар афзуд, лабханди самимӣ аз заҳрханд, ришханд ва писханд фарқ мекунад. Вай мегӯяд, лабханд зӯракӣ ё сохта набояд бошад. Вақте лабханд зӯракӣ ҳувайдо мешавад, беҳтар аст, онро писханд гӯем, ё хандаи тамаллуқкорона. Аммо ҳоло дар лабони мардуми одии Тоҷикистон нисбат ба лабханд заҳрханд ва ришханду писханд бештар ба назар мерасад. Ба ин маънӣ, ки одамон дар ботинашон дарду гуфтании бисёр доранд, аммо барои ифшо накардани он, лабро ночор барои табассум боз мекунанд.

«Заҳрханд, ришханд ва писханд дар дигар ҳолат одамро фаро мегирад. Тасаввур кунед, зимистон. Маркази шаҳри Душанбе. Дар хонаи худ ба бухорӣ алов мемониву он дуд мекунад. Вале дар телевизионҳои кишвар мегӯянд, ки Тоҷикистон понздаҳ сол боз дар пайи ба даст овардани истиқлолияти энергетикӣ аст. Як ба бухории дудолуди хонаат менигарию заҳрхандае дар вуҷудат пайдо мешавад. Инро лабханди зӯракӣ гуфта намешавад. Он писханд аст ё ришханд...»

Дар ҳамин ҳол, Латофат Назирова, як равоншиноси тоҷик мегӯяд, хандаи аслӣ як ҳолати табиӣ аст. Аммо лабханд ё табассум ғайритабиӣ пайдо мешавад. Ба гуфтаи вай, лабханд ду навъ аст: лабханди самимӣ ва лабханде, ки ба шакли тамасхур баён меёбад. Ба гуфтаи хонум Назирова, чеҳраи кушода бо лабханди самимӣ ҳамавақт барои саломатии инсон таъсири мусбат дорад. Ҳамзамон, лабханд маънии муносибати хуби одамон бо ҳамдигар ва муҳити солими онҳоро нишон медиҳад:

«Агар бо касе рӯ ба рӯ шавем ва бо нимтабассум гап занем, албатта, таъсири хуб дорад. Ҳамеша кӯшиш кардан лозим аст, ки ҳолати шахсии худро ба сари дигарон бор нанамоем. Вақте ман мушкил надорам, набояд бо чеҳраи гирифта бо дӯстон сӯҳбат кунам. Ин чеҳраи гирифтаи ман онҳоро низ озурда месозад. Табассум ё лабханд ин аз ҷиҳати дигар барои кас шифои рӯҳӣ, ғизо мебахшад. Ба бисёр дардҳои кас дармон мешавад».

Аз ин лабханду писхандҳо бигзарем, лабханди сиёсатмадорони тоҷик барои мо аҷиб менамояд. Зеро онҳо таъкид мекунанд, ки дар ҳама ҳолат сиёсатмадор шахсияти ҷиддӣ бошад. Аз ин рӯ, кам касон лабханди онҳоро дидаанд. Новобаста аз ин, бисёриҳо Муҳиддин Кабирӣ, раҳбари Ҳизби наҳзати исломӣ ва Раҳматилло Зойиров, райиси Ҳизби сотсиал-демократро бо лабханду табассуми малеҳи ба худ хоси онҳо мешиносанд. Вале одамон лабханди номзадҳо ба мақоми райиси ҷумҳури Тоҷикистонро ҳам ба дурустӣ надидаанд. Танҳо ханда дар лабони Эмомалӣ Раҳмонов, Президенти Тоҷикистон ҳангоми вохӯрияш бо мардуми одӣ ва ё ҳангоми ширкат дар ҷаласаҳои мутантан гул мекунад. Аммо лабханди самимии Эмомалӣ Раҳмонов ва Сайид Абдуллоҳи Нуриро, пас аз имзои созишномаи сулҳи тоҷикон аксарият фаромӯш накардаанд. Муҳиддин Кабирӣ, райиси Ҳизби наҳзати исломӣ дар робита ба ин мегӯяд:

«Вақте онҳо лабханд ё табассум мекарданд, хеле самимӣ буд. Аслан, устод Нурӣ, ки даҳ соли ахир ҳамроҳашон будам, кӯшиш мекарданд, вазъи ноҷӯри худро бо лабханд пинҳон кунанд. Вале ин чиз ба он кас даст намедод. Инсон зуд дарк мекард, ки ин лабханди Устод воқеӣ набуд».

Дарвоқеъ, бо ин ҳама дарду ғуссаҳо ҳамаи мо механдем. Бо лабханд, шакарханд, заҳрханд, хандоханд, ришханду писханд ва ғайра ҳолати рӯҳии худро нишон медиҳем. Вале Худо кунад, ки лабханди мо зӯракӣ ё сохта набошад...
XS
SM
MD
LG