Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Барномаи ҷилавгирӣ аз вуруди зукоми мурғӣ


Мақомоти Вазорати тандурустии Тоҷикистон мегӯянд, барномаи стратегии ҷилавгирӣ аз воридшавии бемории зукоми мурғиро таҳия карда ва дар марҳилаи иҷро қарор додаанд.



Барои иҷрои ин барнома 6, 8 миллион доллар ихтисос дода шудааст, ки аз ҷумла харидории таҷҳизоти озмоишгоҳҳои зукоми мурғӣ ва таъсиси дидбонгоҳҳои беҳдоштӣ ва вогиршиносӣ дар нуқоти марзиро пешбинӣ мекунад. Аъзам Мирзоев, муовини вазири тандурустӣ ва Сардухтури давлатии беҳдоштии Тоҷикистон гуфт, аз моҳи феврал барномаи мазкур ба марҳилаи иҷро гузошта мешавад.



Сардухтури давлатии беҳдоштии Тоҷикистон гуфт, то кунун мавриди ташхиси бемории зукоми парандаро пажӯҳишгоҳи таҳқиқотии беҳдоштии Тоҷикистон анҷом медодааст. Оғои Мирзоев ҳамчунин афзуд, бештари маблағҳои ихтисосёфта барои пешгирии ин беморӣ дар миёни паррандаҳо ва камтари он барои чораҳои пешгирӣ дар миёни одамон истифода мешавад.



То кунун ҳеҷ мавриди зукоми парранда дар Тоҷикистон мушоҳида нашудааст. Вале тибқи барномаи пешгирӣ аз эҳтимоли сирояти ин беморӣ, ворид кардани гӯшти мурғ ва анвои он аз соли 2005 то кунун маҳдуд шуда ва таҳти назорати ҷиддии бунгоҳҳои уфунӣ қарор дорад.
Раҳматкарими Давлат, Душанбе
XS
SM
MD
LG