Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Рӯзи беҳтарин лабханд


Ин идро як равоншинос ва як ҷаҳонгард ихтироъ карданд. Мейк Дач ва Андреас Литзов ҳарду аз Олмонанд ва ду сол пеш вақте яке саргузашти беморони худро қисса мекарду дигаре аз одамони дар роҳурӯи ҷаҳон вохӯрдааш ҳикоят меовард, ба натиҷае расиданд, ки аҳли башар бояд як иди дигаре ҳам дошта бошад, иди Беҳтарин Лабханд.

Онҳо хеле фикр карданд ва 25-уми январро баргузиданд, зеро мегӯянд, ин як рӯзест, ки аз ҳамаи идҳои диниву дунявӣ ва давлатию мазҳабӣ дур аст. Аввал дар хонаводаи худ идро ҷашн гирифтанд, сипас, бо дӯстону ҳамсоягон ва дар соли гузашта, бо ташкили як сомонаи интернетӣ мардуми оламро ба ин ид даъват карданд. Он сол 114 ҳазор нафар ба онҳо посух дод, ки идро таҷлил кардааст, аз ҷумла 5 барандаи Ҷоизаи Нобел низ.

Вақте дар бораи лабханд мегӯем, беихтиёр Дон Кихот ба ёди кас мерасад. Лабхандҳои озурдадилони ӯ пинҳонгари дарди бузургаш буданд, ки намехост ба андӯҳи хеш иқрор кунад. Дон Кихот аз як сӯ намехост, зиштиву дуруштии ин ҷаҳонро бинад ва биноан дар дунёи бофтаи хаёлҳои худ мезист, аз сӯи дигар бо бадиҳову сахтиҳои ин дунё дар набарде буд, ки оқибат ӯро қурбон кард. Ахиран тадқиқоте нашр шуд, ки тибқи он Сервантес ин қаҳрамони оламшумули худро дар маҳбас офаридааст ва аслан андешаи навиштани чунин асар низ дар маҳбас ба зеҳнаш омадааст. Ӯро ба он айбдор карда буданд, ки молиёт ва қарзҳои худро напардохтааст.
Як лабханди дигар ба ёд мерасад, лабханди Муҳаммадрӯзӣ Искандаров дар толори додгоҳ, паси панҷараи курсии айбдоршаванда. Лабханди ӯ шояд нишони он буд, ки бовар намекард, ӯро ба 25 соли зиндон маҳкум хоҳанд кард. Ва ё шояд ба модараш лабханд мезад, ки афсурда набошад. Шояд рӯзи ҷаҳонии беҳтарин лабхандро низ мисли ӯ ҳазорон нафаре, ки дар гушаву канори олам зиндониянд, низ ҷашн гирифта бошанд.

Таҷлили Рӯзи ҷаҳонии беҳтарин лабханд чандон душвор нест. Ҳамагӣ бояд лаҳзае лабханд зад. Муҳим нест, дар хона, дар ҷойи кор, дар кӯча ё нақлиёт. Бояд сонияе аз ҳар кори дигар даст кашид ва лабханд зад. Беҳтарин лабханд онест, ки ба дигарон ҳадия мешавад. Мейк ва Андреас ба он афроди мағзашон шахшудае, ки ҳаргиз лабханд назадаанд ва ё намехоҳанд, лабханд зананду дар натиҷа касе онҳоро аз "вазн"- и доштаашон дида сабуктар хонад, хуллас, ба онҳое ки ин кор барояшон сахт аст, машварат додаанд, ки метавонанд, дар рӯбарӯи оина биистанд ва ин идро ҷашн гиранд.

Дар бораи лабханд ва анвоъву аҳамияти он хонандагони зиёди сомонаи мо изҳори назар карданд, ки бо "ангушт" задан ба вожаи сабзи "лабханд" метавонед, онҳоро бихонед. Вале ман аз Мейк Дач пурсидам, оё нуктаи асосии ин иди ихтироъкардаи ӯ чист?

"Нуктаи асосӣ ин аст, ки одамон ба ҳамдигар паём диҳанд, ки ҳама мехоҳанд, дар сулҳу оромӣ ба сар баранд, шод бошанд, лабханд зананд. Дар иди гузашта, 25-уми январи соли 2006 намояндагони 131 кишвар ба мо хабар доданд, ки Рӯзи ҷаҳонии беҳтарин лабхандро ҷашн гирифтаанд. Ин аҷиб буд, ки мардум дар Иёлоти Муттаҳида ё дар Ҳинд, дар Исроил ё қаламравҳои фаластинӣ ҳама як мақсад доштанд, ки сулҳу оромӣ бошад, осудагӣ бошад."

Вале оё кишварҳое буд, ки ягон нафар аз он ҷо ба шумо паёми сулҳ надода бошад?

"Бале, мо ҷадал дорем, барои Кореяи Шимолӣ, ки аз он ҷо ҳеҷ касе дар иди лабханд ширкат накард. Дар баъзе мамолик барои мардум душвор аст, истифода аз интернет, дар баъзеи дигар аслан дастарӣ ба интернет бисёр маҳдуд аст. Мо инро ҳам мефаҳмед, ки бигзор дар кишварҳои ноозод касе барои ин худро ба хатар нагузорад."

Оё аз Тоҷикистон касе ҳаст?

"Як лаҳза. Як бор бубинам. Тоҷикистон. Бале ҳамагӣ 2 нафар. Ин шояд кам аст, вале паёмҳо идома доранд ва рӯзи дуввуми феврал мо онҳоро ҷамъбаст мекунем."

Ташаккур, Мейк Дач, яке аз бунёдгузорони Рӯзи ҷаҳонии беҳтарин лабханд ва суроғаи сомонаи интернетии лабханд: www.worlds-greatest-smile.com

Мейк Дач мегӯяд, лабханд ҳамагӣ чанд сонияи шуморо мегирад ва аммо боздеҳи он баробар ба ҳазорон гуфтушунид, ҳазорон умед ба накӯӣ, ҳазорон талоши шустани қалбҳо, ҳазорон ҳабби доруву дармон аст ва даричаест ба ҷаҳони ишқ, осоиш, хурсандӣ ва рафоқат.

Суханони муаллифони Иди Беҳтарин Лабханди Ҷаҳон як андарзи қадимаи шарқӣ, шояд тоҷикиро ба ёд меоранд, ки "ба раҳгузар лабханд занед, зеро шояд дигар ҳаргиз ӯро во нахоҳед хӯрд."
XS
SM
MD
LG