Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ба соҳибкорони тоҷик ширкат дар намоишгоҳҳоро меомӯзонанд


Сарварони корхонаҳои коркарди мева ва сабзавоти Тоҷикистон тариқаҳои нав, муосир ва муассири пешниҳоди маҳсулоти худ дар намоишгоҳҳои байнулмилалиро меомӯзанд. Дар як давраи омӯзишии Маркази байнулмилалии тиҷорат дар шаҳри Душанбе, нуқсу камбудии ширкатҳои маҳаллӣ дар намоишгоҳҳои байнулмилалӣ ва роҳҳои бартараф сохтани он, василаҳои ба даст овардани суд аз иштирок дар намоишгоҳҳои байнулмилалӣ ба соҳибкорони тоҷик омухта мешавад.




Барои нахустин бор аст, ки барои соҳибкорони тоҷик чунин як давраи омузишӣ доир мешавад. Саидмӯьмин Камолов, раҳбари лоиҳаи «Рушди тиҷорат дар Точикистон»-и Маркази байнулмилалии тиҷорат мегӯяд, корхонаҳои Тоҷикистон ҳанӯз таҷрибаи кофии муаррифӣ кардани маҳсулоти худ дар намоишгоҳҳоро надоранд ва омӯзиши бештар дар ин самт ба корхонаҳо барои дарёфти харидор дар бозорҳои хориҷӣ кишвар мусоидат хоҳад намуд.




Ин давраи омӯзишӣ ҳамчунин як қадами муқаддамотӣ барои иштирок дар намоишгоҳи байнулмилалии Prod Expo-2007 мебошад, ки он аз 12 то 17 феврал дар шаҳри Маскав баргузор мешавад.




Мубтакири давраи омӯзишӣ, Маркази байнулмилалии тиҷорат як ниҳоди СММ мебошад, ки ба кишварҳои рӯ ба инкишоф дар самти рушди иқтидори содиротияшон кӯмак мерасонад. Аз ҷониби ин марказ дар Тоҷикистон як тарҳе бо номи "Рушди тичорат дар Тоҷикистон" пиёда мешавад ва дар доираи ин лоиҳа ба корхонаҳои коркарди мева ва сабзавот дар боло бурдани имконоти идорӣ ва иқтидори содиротӣ мусоидатҳои фаннӣ - омӯзишӣ расонида мешавад.
XS
SM
MD
LG