Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Афзоиши мавориди сарпечӣ аз супурдани андоз


ка

Кумитаи андози Тоҷикистон дар садади ташкили ниҳодест,ки вазифаи аслии он расидагӣ бо мавориди саркашӣ аз супурдани андоз дар кишвар муаррифӣ шудааст.




Нусратулло Давлатов, муовини аввали райиси Кумитаи андози Тоҷикистон дар пайи як нишасти хабарӣ бо эъломи ин хабар гуфт, ниҳоди мавриди назар қарор аст бо афрод ва хоҷагиҳое кор бигирад,ки аз супоридани андоз сарпечӣ мекунанд.



Ба иттилоъи вай мақомоти андози кишвар дар соли 2006 аз рӯйи иҷрои нақшаи андози ягона ба ҷойи 61 миллион сомонӣ ҳамагӣ тавонистаанд 48 миллион сомонӣ маблағро ба буҷа ворид кунанд. Ба гуфтаи оқои Давлатов бинобар мушкилоти молӣ хоҷагиҳои пахтакор ва сарпечии соийир ниҳодҳо дар пардохти молиёт ҳудуди 20 дарсади нақшаи андози ягона дар кишвар иҷро нагардидаааст: «Сабабҳои дигари иҷро нашудани нақша аз рӯйи андози ягона ин табақабандӣ нашудани меъёрҳо аз рӯи навъи заминҳо мебошад. Моро ҳоло вазифадор кардаанд, ки нақшаи буҷаи соли 2007-ро ба маротиб зиёдтар иҷро кунем».



Бино ба иттилоъи Кумитаи андози Тоҷикистон дар соли гузашта зиёда аз чаҳор ҳазор ниҳодҳои давлатию ғайридавлатӣ ба тахаллуфи муқаррароти марбут ба андозу молиёт даст задаанд. Гуфта мешавад маблағи умумии ҷаримае, ки дар ин робита руёнида шудааст, панҷ миллион сомониро ташкил додааст.

Каюмарси Ато, Душанбе
XS
SM
MD
LG