Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Раҳпаймоии мухолифони ҷанги Ироқ дар Вошингтон


Ҳазорон нафар дар Вошингтон, пойтахти Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, ба нишони эътироз аз ҷанги Ироқ ва бо талабҳои хуруҷи нирӯҳои амрикоӣ аз Ироқ раҳпаймоӣ карданд. Тазоҳуркунандагон бо нидоҳои "сарбозони моро ба хона баргардонед!", дар рӯбарӯи бинои Капитолий ҷамъ шуданд ва сухангӯён тайи ду соат ҳукумати Буш ва сиёсатҳои он дар Ироқро танқид карданд.


Дар тазоҳурот мухолифони ҷанг, пайвандони сарбозон, собиқадорон ва чеҳраҳои саршиноси Ҳолливуд, ба монанди Ҷейн Фонда ва Шин Пенн ширкат карданд. Пенн бо муроҷиат ба ҳозирон гуфт: "Бархе аз моён ёд дорем давраҳоеро ки ҳеч чизи тарсонанда набуд, вале худи тарс вуҷуд дошт. Ва акнун мо президенте дорем, ки мегӯяд, "битарсед, битарсед". Мо наметарсем. Ва мо мехоҳем ба онҳо ва тамоми ҷаҳон нишон диҳем, ки мо тасмимгиранда ҳастем ва ин аст демократия."


Раҳпаймоӣ ба таври осоишта ҷараён гирифт, ҳарчанд бархе аз эътирозгарон лаҳзаҳое бо полис дастбагиребон шуданд. Наздик ба 40 нафар, ба ҷумлаи аҳли хонаводаи сарбозон як тазоҳуроти алтернативӣ барпо карданд.


Намоиши эътирозӣ дар Вашингтон яке аз силсилаи раҳпаймоиҳои зиддиҷангист, ки бузугтаринашон қарор аст дар Лос Анҷелис ба амал ояд.
XS
SM
MD
LG