Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Номзади нав ба мақоми сарвазири Қирғизистон


мф

Рӯзи ҷумъа, 26 январ президент Боқиев масъули вазорати кишоварзӣ, обёрӣ ва табдили саноеъ Азим Исобековро чун номзад ба мақоми нахуствазир пешбарӣ кард.


Оқои Боқиев қабл аз пешниҳоди ин номзад аз вакилони мардумии кишвараш даъват намуд, ки онҳо дар машварат бо ҳамдигар метавонанд, аз шумори аъзои ҳукумат, депутатҳо, раисони ҳукумати вилоятҳо ва раҳбарони ботаҷрибаи хоҷагиҳо беш аз панҷ нафарро ба ин мақом пешбарӣ кунанд. Ба гуфтаи раиси ҷумҳури Қирғизистон он гоҳ вай яке аз ин номзадҳоро интихоб ва барои баррасӣ ба порлумон пешбарӣ хоҳад кард. Аммо вакилони порлумон интихоби номзад ба мақоми нахуствазирро ба худи президент ҳавола намуданд ва аз ӯ хоҳиш карданд, ки ба ин мақом аз насли ҷавон нафари шоистеро номзад пешбарӣ кунад.


Президент Боқиев бо назардошти ин хоҳиши депутатҳо Азим Исобеков, ки масъули Вазорати кишоварзӣ, обёрӣ ва табдили саноеъро бар дӯш дошт, ба мақоми нахуствазир номзад пешбарӣ кард. Қурмонбек Боқиев ба дунболи ин ибрози умедворӣ кард, ки депутатҳо эҳсоси масъулият нишон хоҳанд дод ва номзади пешбарикардаи ӯро дар муддати кӯтоҳтарин ба тасвиб хоҳанд расонд.


Иддае аз вакилони порлумон мегӯянд, ки ин номзади пешбарикардаи президент ба тасвиб хоҳад расид. Ба гуфтаи як гурӯҳи коршиносон, президент бо ин тасмими ниҳоӣ ҷиҳати пешбарии номзад ба мақоми нахуствазири кишвараш иттиҳоди байни худ ва Қуловро, ки зимнан онро иттиҳоди шимолу ҷануби Қирғизистон муаррифӣ мекарданд, аз байн бурд. Аммо иддае аз коршиносони дигар ин ақидаро комилан беасос хонда меафзоянд, ки дар шароити кунунӣ аз кадом минтақа ба ин ё он мақом интихоб шудани шахс ҳаргиз муҳим нахоҳад буд.


Дар ҳамин ҳол, манбаъҳои расмии қирғиз мегӯянд, ки Феликс Қулов пешбарии номзади Азим Исобеков ба мақоми нахуствазирро фоли нек арзёбӣ карда, афзудааст, ки вай ба ин мақом шахси муносиб аст. Аммо ба навиштаи нашрияи «Агим», чопи Бишкек, Феликс Қулов аз мавқеъгирии президент Боқиев ибрози норизоӣ кардааст. Бино ба ин манбаъ, оқои Қулов гуфтааст, дар мавриди шахсе, ки ба сухани худ устувор нест, чизе нахоҳад гуфт.
Мирасрори Фарғонӣ, Бишкек
XS
SM
MD
LG