Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сафари варзишгарони тоҷик ба Чин


Раҳбари ин ҳайат Муҳаммадшоҳ Абдуллоев, масъули Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон ба Радиои Озодӣ гуфт, намояндагони Тоҷикистон барои севвумин бор аст, ки дар Бозиҳои зимистонаи Осиёӣ ширкат хоҳанд кард. Вай афзуд: «Шашумин давраи Бозиҳои зимистонаи Осиёӣ аз 28 январ то 4 феврал дар шаҳрҳои Чангчун ва Ҷилини Чин баргузор мешавад. Варзишгарони беш аз 40 кишвари қора дар чунин риштаҳо, монанди ҳоккей, биатлон, фристайл, лижаронӣ, лижаронии кӯҳӣ ва рақси рӯи ях рақобат хоҳанд кард. Варзишгарони тоҷик Насрулло Зокиров, Абдураҳим Қурбонов ва Алишер Қудратов таҳти раҳбарии мураббӣ Дилшод Каримов танҳо дар як намуд - лижаронии кӯҳӣ ҳунарнамоӣ мекунанд. Бардоштани парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маросими кушоиши бозиҳо рӯзи 28 январ ба зиммаи лижарони моҳир Насрулло Зокиров вогузор шудааст.»
XS
SM
MD
LG