Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тасвиби тарҳи ҷалби сармояи хориҷӣ


Парлумони Тоҷикистон ахиран барномаи қарзҳои хориҷии кишварро барои солҳои 2007-2009 ба тасвиб расонид. Вазири молияи Тоҷикистон Сафаралӣ Наҷмуддинов зимни шарҳи ин санад гуфт, дар се соли оянда дар назар аст барои иҷрои тарҳҳои гуногун ҳудуди яку ним миллиард доллари амрикоӣ ба масраф бирасад.



Аз ин миён 513 миллион доллари амрикоӣ барои рушди соҳаи энержӣ, 526 миллион барои рушди бахши роҳу нақлиёт, ва ҳамчунин маболиғе ҷиҳати рушди соҳоти кишоварзӣ, маорифу тандурустӣ, таъмини иҷтимоӣ ва мусоидат ба коҳиши мизони нодорӣ ихтисос дода мешавад.



Бахши аъзами ин қарзҳоро давлати Чин, Бонки ҷаҳонӣ ва Бонки Осиёии рушд ироа хоҳанд дод. Ва аммо Муродалӣ Алимардонов, раиси Бонки миллии Тоҷикистон зимни муаррифии Дурнамои самтҳои асосии пулию қарзии кишвар барои имсол гуфт, сатҳи таваррум дар соли ҷорӣ 7 дар сад дар назар дошта шудааст. Ӯ афзуд, ҳадафи аслӣ ин аст, ки шумори ҳарчи бештари шаҳрвандон аз хидматрасонии хадамоти бонкӣ истифода кунанд ва ҳамзамон хазинаи бонкҳо ғанитар шавад.
XS
SM
MD
LG