Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Баҳси Тоҷикистону Узбакистон сари бунёди нерӯгоҳи Оббурдон


Масаид Ҳомидов, вазири обу обёрии Тоҷикистон гуфт, бунёди нерӯгоҳи обию барқии Оббурдон дар каронаи рӯдхонаи Зарафшон ба зарари Узбакистони ҳамсоя набуда баръакс ба суди он аст. Вазири обу обёрии Тоҷикистон гуфт, обе, ки дар обанбори нерӯгоҳи Оббурдон ҷамъ оварда мешавад, метавонад, дар ҳамаи фаслҳо рӯи як мизон Узбакистонро бо об таъмин кунад.


Ин дар ҳолест, ки намояндаи ҳукумати Узбакистон Салимбой Ҳабибуллоев дар нахустин иншасти гурӯҳи корӣ оид ба ҳамкориҳои иқтисодӣ, дар доираи гуфтугӯйи «Осиёи Марказӣ ва Ҷопон» як моҳи қабл дар Душанбе гуфта буд, бастани роҳи дарёҳо ва захира кардани об метавонад боиси вайрон шудани муҳити зист гардад ва ба рушди кишоварзӣ ва шароити зиндагии аҳолии кишварҳои ҳамсоя таъсири манфӣ расонад.


Узбакистон ба унвони кишвари поёноб ва истеъмолгари аслии захоири оби Зарафшон мебошад. Гуфта мешавад, шояд бо бунёди обанбори Оббурдон аз истифодаи ҳамешагии худ маҳрум шавад, аммо намояндагони мақомоти масъули Тоҷикистон мегӯянд, ба ҳеҷ ваҷҳ дар масъалаи тақсими об мушкиле миёни ин ду кишвар пеш нахоҳад омад.


Ба ин тартиб, тибқи қарори Кумиссиюни муштараки кишварҳои болооб ва поёноби Осиёи Марказӣ оид ба тақсими об, аз маҷмӯъи захоири оби Сирдарё Узбакистон 52 % ва Қазоқистон 42 % истифода мекунанд. Дар ҳоли ҳозир, кишварҳои узви Кумиссиюни ҳамоҳангсози захоири оби Осиёи Миёна барои танзим ва тақсими дурусти захоири об омодагӣ мебинанд. Тибқи иттилои Вазорати обу обёрии Тоҷикистон, интизор меравад, ин нишаст дар нимаи аввали моҳи феврал дар Хуҷанд, шимоли Тоҷикистон сурат гирад.
Мирзонабии Холиқзод, Душанбе
XS
SM
MD
LG