Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Хатари ронда шудани шуморе аз тоҷикон аз Русия


Аз Тоҷикистон дар ин кишвар муҳоҷирини ғайриқонунӣ зиёданд ва хатари ихроҷ баъд аз 15-уми январ аз ҳоло ба онҳо таҳдид мекунад. Муҳаммади Эгамзод-сухангуи сафорати Тоҷикистон дар Маскав дар суҳбат бо мо гуфт, баъд аз эътибор пайдо кардани Қонуни нави Русия мумкин аст, муҳоҷирини ғайриқонунии Тоҷикистон дар Русия ба душворӣ ру ба ру шаванд. Оқои Эгамзод меафзояд, ин душворӣ танҳо душвории муҳоҷирини ғайриқонунии Тоҷикистон нахоҳад буд. Кишварҳои дигари Осиёи Марказӣ ва Қафқоз низ дар чунин шароит қарор доранд:

"Сафорати Тоҷикистон дар Маскав ҳамин масъаларо доимо пайгирӣ мекунанд. Мо аз эҳтимол дур намедонем, ки шояд қабули қонунҳои нави муҳоҷирати Русия мушкилоти иҷтимоъиро иҷод кунанд, зеро муҳлат хеле кам аст, мардум зиёданд. Гузашта аз ин, якбора қабул шудани ин қонун на танҳо муҳоҷирини меҳнатии тоҷик, балки аксари муҳоҷирини меҳнатиро, ки дар Русия кор мекунанд, ба як навъ таҳлука овардааст. Айнан ҳамин шароиту ҳамин вазъ дар намояндагии дигар кишварҳо низ ба мушоҳида мерасад. Дар суҳбатҳое, ки бо сафорати Озарбойҷон ва Қирғизистон дорем, онҳо низ ҳамин ташвишро доранд. Онҳо низ мегуянд, ки мардум наметавонанд сари вақт буду боши худро дар Русия қонунӣ кунанд ва шояд, ки аз Русия баъдтар қонунан берун карда шаванд".

Пас чӣ бояд кард? Оё барои афви муваққати муҳоҷирини ғайриқонунии Тоҷикистон дар Русия мешавад, коре анҷом дод? Оё Тоҷикистон имкон дорад, ки аз Русия барои ҷилавгирӣ аз ихроҷи шумораи зиёди чунин муҳоҷирин тақозои авф кунад, то дар дохили Тоҷикистон буҳрони иҷтимоъӣ ба вуҷуд наояд? Оқои Эгамзод дар ин бора чунин мегуяд:

"Албатта, хеле хуб мебуд, агар ин масъала мавриди баррасии ҳар ду ҷониб қарор мегирифт. Аммо як чизро ба назар бояд гирифт, ки ин қонуне, ки ҳафтаи гузашта дар саросари Русия эътибор пайдо кард, барои ҳамаи кишварҳое пешбинӣ шудааст, ки ба Русия муҳоҷирини меҳнатӣ медиҳанд. Яъне ҳам кишварҳои Шуравии собиқ ва ҳам кишварҳои Чину Куриё ва Ветному монанди инҳо. Ҳоло барои ба низом овардани ҳамин раванд байни ҳукумати Тоҷикистон ва Русия, байни хадамоти муҳоҷирати ин кишварҳо гуфтушунудҳо идома доранд ва фикр мекунем, ки ин масъалаҳо бо назардошти сатҳи чигунагии муносисиботи миёни ин ду кишвар ҳал хоҳад шуд".

Фаррух Мирзоев-раиси ҷамъияти тоҷикони вилояти Свердловск мавсум ба "Сомон" гуфт, то ҳол чанд корхона дар ин вилоят барои ғайриқонунӣ ба кор ҷалб кардани муҳоҷири корӣ ба маблағи 300 ҳазор рубли русӣ ҷарима супурдаанд:

"Мо бо раҳбари хадамоти муҳоҷират вохурда будем, онҳо зиёда аз даҳ корхонаи давлатӣ ва шахсиро ба маблағи то 300 ҳазор ҷарима карданд".

Фаррух Мирзоев мегуяд, ҷамъиятҳои миллии кишварҳои хориҷӣ воқеъ дар вилояти Свердловск аз ҷумла, ҷамъияти тоҷикон бо номи "Сомон" аз хадамоти маҳалии муҳоҷирати ин вилоят дархост кардаанд, ки то муддате муҳоҷирини ғайриқонуниро афв кунанд, то онҳо дар ин муддат барои сабти ном фурсат дошта бошанд:

"Мо аз номи ҷамъиятҳо бо раҳбарини ҳукумати маҳаллӣ ва милитсия ҳам вохурдем, ки ба муҳоҷирини Тоҷикистон каме муҳлат диҳанд, чунки онҳо аз қонунҳои нав хабар надоранд ва мо дар ин муҳлат ба онҳо қонунҳоро фаҳмонем. Ақалан ду се моҳ ба онҳо имкон диҳанд, ки онҳо иҷзатномаи корӣ гиранд".


Бо назардошти қонуни нави Русия Шукурҷон Зуҳуров-Вазири кор ва ҳифзи иҷтимоъии аҳолии Тоҷикистон гуфт ҳукумати Тоҷикистон аз Русия дархост кардааст, ки ҳар сол ба Тоҷикистон барои 800 ҳазор нафар муҳоҷир иҷозаи кор диҳад:

"Қонунҳое, ки дар Русия қабул шуданд, албатта, имруз кори зиёдеро талаб мекунанд. Мо ташвиш ҳам дорем аз ин. Асосан 80 дарсади мардуми мо ғайрилегалӣ (ғайриқонунӣ) кор мекунанд, бе прописка, бидуни қайд, бо маоши паст, дар таҳхонаҳо хоб...ва ин чизҳо акнун оҳиста-оҳиста аз байн мераванд. Лекин ин миқдор одамонеро, ки дар он ҷо ҳастанд, мо бояд коре кунем, ки ҷо ба ҷо кунем. Мактуби сарвазири Тоҷикистон ба номи Фрадков фиристода шуд, мо тахминан то 800 ҳазор квота пурсидем ва ҳоло ба он ҷавоб нагирифтаем".

Ҷавоби ҷониби Русия ва тамоюли хадамоти муҳоҷирати кории он кишвар ба иҷрои ин дархости Тоҷикистон мумкин аст муддатеро дар бар гирад. Вале баъид ба назар мерасад, ки бидуни шарту шароит Русия ба афви муҳоҷирини ғайриқонунии Тоҷикистон розӣ шавад ё ба 800 ҳазор муҳоҷири кории тоҷик ҳар сол иҷозатномаи корӣ содир кунад.
XS
SM
MD
LG