Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нақши дин дар ҷаҳони муосир


Ассалому алайкум бародарон ва хоҳарони азиз.

Дин дар назари ман асоси саломатии худи инсон ва ҷамъият аст. Ҳеч кас аз тарси ҳабс ё ин ки пулис даст аз ришвахӯрӣ, қочоқи маводи мухаддара ва е дигар ҷиноятҳо даст намекашад. Фақат тарси Худо инсонро аз ин чизҳо боз хоҳад дошт.

Дин худ аз ҳама чизҳои бад мубарро аст. Фақат шахсоне ҳастанд ки динро барои пул, мақом ва дигар манфиатҳои худ сӯиистеъмол мекунанд.
Назар ба ин ки имрӯз, бисёр ҳаракатҳои манфӣ бар зидди ислом нигаронида шудаанд, ислом боз ҳам бо суръати бештарин дар тамоми дунё пахн шуда истодааст.

Бачеко
--------------------------------------

Воқеъан афсӯс мехӯрам, ки Ашур Назарзод аз дин дур мондааст ва асосҳоии онро наомӯхтааст. Куҷр дин бо озодӣ дар тазод аст?
Дин расонандаи оромишу хушбахтӣ ва қаноъату порсоист.Ва ҳамчунин ҷамъияти комилу инсони комил месозад. Оё ин ҳама бо озодӣ дар тазоданд? Шояд хурофотро ба ҷои дин пазируфтааст, дӯсти мо, ки дар он танҳо маҳдудиятро дидааст.

Бо эҳтиром
Алишер аз Душанбе
---------------------------------------

Арзёбӣ кардани нақши дин дар ҷаҳони муосир як масъалаи хеле душвор ва ҳассосест. Душворӣ дар он аст, ки мафҳуми дин ва мафҳумҳое ба монанди сиёсат, ҳувият, фақру бенавоӣ, терроризм ва фасоди иҷтимоъӣ ва иқтисодӣ печдарепч шудаанд. Ҳассос аз он ҷиҳат ки сарчашмаи ҳар дин ин имону эътиқод ва бовар ба қувваест ва дар навбати худ бунёди эътиқоду имон ва ҳиссиёт.

Новобаста ба ин печидагиҳо бояд ба дин ҳамчун як падидаи қадимтарин ва бузурги фарҳангии инсон назар кунем ва онро ҳамчун чизе истифода барем, ки омили ваҳдат, рушд, муколама ва тафоҳум дар ҷаҳони муосир гардад.

Бубинед, ки аллакай калимаи "ислом" дар аксар ҷо радифи калимаҳои "ҷудоихоҳ, тундрав, оштинопазир, бунёдгаро, террорист ва гоҳе модернист" гаштааст. Бо вуҷуди ин анъанаи сулҳдӯстӣ, муҳаббату боварӣ, инсондӯстӣ, ҳурмату эҳтиром, раҳмдилию шафқат, бахшишу дастгирӣ, имдод ба ниёзмандон дар таълимоти адёни дунё ба монанди масеҳият, яҳудият, буддоӣ, исломӣ ва ғайра талқин мешавад, сарфи назар мегардад.

Султонбек, Лондон
---------------------------------------

Гуфтаниям, ки танҳо афроди тангназар ба дин нақши бузургтар аз будаш медиҳанд. Он гуна ки маводи мухаддир гирифторони худро дорад, дин низ пайравони хешро дорад, ки шумораи онҳо дар ҳар ҷомеъа начандон зиёд аст.

Ман шахсан бар инам, ки дин зидди озодист ва ҳадаф аз он маҳдуд кардани зеҳну фикру амали инсон аст. Аммо афроди диндорро эҳтиром мекунам, агар имони онҳо ҳақиқӣ ва қатъӣ бошад.

Бо эҳтиром
Ашӯр Назарзода
--------------------------------------

Салом.
Инсоне ки худашро шинохт, ки кист ва аз куҷо омадааст ва барои чӣ омадааст ва ба куҷо меравад, ин саволро хубтар мефаҳмад ва ҷавоб медиҳад.

Дини ҳақ ягона масири барашрият аст, ки ӯро дар дунё ва охират хушбахт месозад. Дин шомили тамоми маҷрои ҳаёт аст. Ҳалли тамоми қазияи ҷаҳони имрӯза ба дин марбут хоҳад буд. То вақте ки дин дар рӯи замин таҳқиқ нашавад, одаму олам ба мушкилиҳо дучор хоҳад буд.

Ислом
----------------------------------------

Ба номи худо.
Дин дар ҷаҳони муосир нақши босазое дорад ва ҳукуматҳо агар бар асоси қонунҳои ахлоқии дин амал кунанд ба мардуме ки аз беадолатӣ ва зӯргӯӣ хаста шудааст хидмати дуруст карда метавонанд.

Мо шоҳиди ин ҳам ҳастем, ки дин дар таъмини суботу амнияти ҷаҳон муассир аст ва агар дин дар ҷаҳон ҳоким бошад, мо аслан бо зулму ситам ва ҷангу ҷидол рӯбарӯ намешудем.

Дин як падидаи иҷтимоист ва фақат марбут ба ибодатгоҳу рӯҳониён нест ва дин ҳам дар заминаи сиёсат, иқтисодиёт ва иҷтимоъиёт ҳарфи гуфтанӣ дорад. Дар таърихи ислом мо шоҳиди инем, ки паёмбар худ як ҳукумати исломӣ бунёд карда буд.

Дин ин озодӣ аз ҳавои нафс ва амал кардан бо ақлу мантиқ аст ва касе метавонад, озодии мутлақ дошта бошад, ки ба дин итоъат кунад ва танҳо озодӣ дар ҳукумати динист.

Барис
---------------------------------------


Вақте ки дин мақсади ба низом даровардани як инсон ва дар маҷмӯъ ҷомеаро дорад, пас рушан аст, ки дин ДАВЛАТ аст. Имрӯз андешаи он ки дин бояд аз давлат ҷудо бошад, ҳарзае пеш нест. Зеро танҳо ДАВЛАТ(ин ё он ҳукумат)метавонад ҷомеаро ба низом дарорад. Табиати инсони, ҳамчун як махлуқ доимо эҳтиёҷ ба сиёсатест ва шахсияти ӯ аз ин сиёсат маншаъ мегирад.

Абдулло ЗИЁ
----------------------------------------

Таърих исбот мекунад (кард), ки дин бо сиёсати давлат аз "як курат сар бароварда метавонанд". Динро бояд назорат кунанд, зеро онро на ҳама ба таври дуруст роҳбарӣ мекунанд. Чӣ хеле ки мебинем, мамлакатҳое ки динро дар кори сиёсиву иҷтимоъии худ дахлдор карданд, на ба халқ фоида оварданду на ба дунё.

Киропол
---------------------------------------

Аз Озодӣ: Озодӣ ҳаққи вироиши назарҳоро барои худ ҳифз мекунад. Номаҳое, ки дорои тавҳин ё таҳдид ба касе ё чизеянд, ё такрориву беш аз андоза дарозанд, дар шакли ибтидоии он мунташир нахоҳанд шуд. Зимнан, ҳеч назаре дар Майдони Баҳс баёнгари дидгоҳҳои Озодӣ нест.
XS
SM
MD
LG