Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Олмон хостори интихоботи озод дар Туркманистон аст


Қонунгузорони Олмон аз ҳукумати федероли ин кишвар, ки акнун раёсати даврии Иттиҳоди Аврупоро дар даст дорад, хостаанд, ба баргузории як интихоботи озоду одилона дар Туркманистон мусоъадат кунад. Қарор аст, интихоботи президентии Туркманистон дар 11-уми феврали соли равон барпо шавад. Вакилони Бундестаг таъкид кардаанд, ки бояд ба иштироки номзадҳои оппозисюни Туркманистон дар интихобот роҳ кушод.


Ҳамчунин, ба гуфтаи онҳо, Олмон бояд аз раҳбарони феълии Туркманистон бознигарии парвандаи муҳбусони сиёсӣ ва таҳқиқи марги хабарнигори Радиои Озодӣ Огулсафар Муродоваро дар маҳбаси Ишқобод талаб кунад.


Дар ин байн хабар дода мешавад, ки ноиби ёвари Вазири корҳои хориҷии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Еван Фейгенбаум аввали ин моҳ ба Ишқобод сафар ва бо вазири умури берунаи Туркманистон Рашид Мередов гуфтушунид кардааст.
XS
SM
MD
LG