Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шоири ҳамосанавис Қаҳҳорӣ ба хок супурда шуд


Аҳли адаби тоҷик бо шоири маҳбуб Абдуҷаббор Қаҳҳорӣ ки дар синни 83 солагӣ даргузашт, падруд гуфт Ҷасади шоир дар оромгоҳи мавсум ба Лучоб, воқеъ дар шимолу ғарби Душанбе ба хок супорда шуд.


Абдуҷаббор Қаҳҳорӣ ба саҳнаи шеъри тоҷик аслан пас аз поёни Ҷанги дуввуми ҷаҳон ворид шуд ва мавзӯъи аслӣ ва дарунмояи ашъори ӯро қаҳрамониҳои саҳнаҳои ҷанг, ифтихор ба Ватан дар бар мегирад.


«Юсуф ва Зулайхо» намунаи беҳтарини ҳамосаи воқеии ишқу муҳаббати сӯзноки як хонаводае нақл мекунад. Зулайхо, як зани тоҷик бо вуҷуди солҳои ҷанг ва дурӣ мунтазири Юсуф мемонад ва пас аз баргаштани Юсуф бидуни як дасту по ӯро гарм истиқбол мекунад ва зиндагии бомуҳаббатро бо ҳам мебинанд.


«Шабе пеш аз марг». «Шаҳиди зинда», «Гули баҳор», «Суруди бахт» ва маҷмӯъаҳои дигари шеърии зиндаёд Қаҳҳорӣ аз ҷумлаи осори гаронбаҳои адабиёти муосири тоҷик ба шумор меоянд.


Дар соли 1947 Абдуҷаббор Қаҳҳорӣ ба Иттиҳоди нависандагони Шӯравӣ мепайвандад. Барои як қатор шеърҳои дар мавзӯъи Ҷанги дуввуми ҷаҳон навиштааш, Қаҳҳорӣ барандаи ҷоизаи Шӯравии ба номи Александр Фадеев мешавад. Дар солҳои ахири умраш Абдуҷаббор Қаҳҳорӣ бо ҷамъияти дӯстдорони китоб дар Душанбе ҳамкорӣ мекард.
Мирзонабӣ Холиқзод, Душанбе
XS
SM
MD
LG