Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эътироз аз муҳоҷирони беаснод


Гурӯҳи тақрибан шастнафарии писарону духтарони ҳудудан 18 то 20-сола дар ҳоле ки парчамҳои сафеди ороста бо дарахти сарсабз болои сар доштанд, шиор мезаданд: "Ба мо муҳоҷири ғайриқонунӣ даркор нест! Ба мо ҷони мурда даркор нест!"

Раиси созмони "Таҳҷоиҳо" Сергей Фатеев гуфт, ташкилоти онҳо аз ҷомеъаи Русия, Маскав ва вилояти Маскав намояндагӣ мекунад ва ҳадаф аз баргузории ин роҳпаймоӣ ҷалби таваҷҷӯҳи сафорати кишварҳое мебошад, ки аз онҳо теъдоди бузурги муҳоҷирони ғайриқонунӣ ба Русия меоянд. Сарвари тазоҳургарон ба пурсише ки чаро созмони экологиии онҳо ба масоили сиёсӣ даст задааст, посух надод. Як нафар аз тазоҳургарон бо номи Елена гуфт, ки "ман аслан намедонам, ба чӣ далел муҳоҷирон наметавонанд, санадҳои худро дуруст кунанд, то дар Русия қонунӣ ба сар баранд."

Аз Сафорати Тоҷикистон ба мулоқоти гирдиҳамомадагон касе набаромад. Намояндаи расмии Сафорат Муҳаммади Эгамзод мегӯяд, "масоили марбут ба муҳоҷират дар сатҳи давлатҳо баррасӣ мешавад ва ба ҳамин хотир бо як гурӯҳи номаълум баҳс кардани масъала салоҳ нест."

Созмони "Таҳҷоиҳо" нахустин гирдиҳамоии зиддимуҳоҷиратии худро дар назди бинои Сафорати Озарбойҷон рӯзи 15-уми январ баргузор кард. Аз Сафорати Озарбойҷон ҳам касе бо онҳо сӯҳбат накард. "Таҳҷоиҳо" қасд доранд дар назди сафоратҳои дигар кишварҳое ҳам, ки дар Русия муҳоҷир доранд ва дар интиҳо рӯзи 26-уми январ дар рӯбарӯи бинои Вазорати умури хориҷии кишвари худ, ба муқобили муҳоҷирати ғайриқонунӣ гирдиҳамоии эътирозӣ анҷом бидиҳанд. Бино ба пажӯҳишҳои анҷомдодаи муҳофизи ҳуқуқи инсон Галина Кожевникова Созмони "Таҳҷоиҳо" ё "Маҳаллиҳо" якуним сол пеш ташкил шуда, тобеъи волии вилояти Маскав аст ва зери ниқоби экологӣ корҳои сиёсӣ анҷом медиҳад.

Ин дувумин гирдиҳамоии эътирозии зидди муҳоҷирон дар Русия аст. Соле пеш дар шаҳри Екатеринбург, бо талошҳои созмони "Шаҳри бидуни маводи мухаддир" як намоиши густардаи зидди муҳоҷирони тоҷик барпо гашта буд.
XS
SM
MD
LG