Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бориши барфи шадид дар Тоҷикистон


Бориши зиёди барф дар шаҳри Душанбе ва навоҳиии атрофи он ҳаракати нақлиётро дар ҷодаҳои пойтахти Тоҷикистон бо мушкил рӯбарӯ кардааст.


Бориши барф ба дунболи борони субҳи имрӯз 18 январ шурӯъ ёфт ва дар ҳоли ҳозир ба далели бориши беист кӯчаву хиёбонҳо ва майдонҳои шаҳри Душанбе барфпӯш гардидаанд. Бино ба иттилоъи Кумитаи ҳолатҳои изтирории Тоҷикистон ба манзури ҷилавгирӣ аз вуқӯъи ҳаводиси ронандагӣ ва пайомадҳои нохуши он ҳаракати нақлиёт дар масири нақби Анзоб манъ шудааст.


Резиши барфи шадид дар ҳоле дар шаҳри Душанбе ба мушоҳида мерасад, ки чанд рӯз қабл Маркази ҳавошиносии Тоҷикистон бо ирсоли номае унвонии мақомоти зирабти ин кишвар ҳушдор дода буд, ки рӯзҳои 18 - 19 январи соли равон интизор меравад дар тамоми қаламрави Тоҷикистон ба якборагӣ ҳаво сард гашта, барфи зиёд борад. Ин дар ҳолест, ки зимистони ғайри мунтазира сарду сербориши имсола мӯҷиби пеш омадани мушкилоти фаровон дар заминаи таъмини мардум бо нерӯи барқ дар кишвар гардидааст.



Феълан ба ин далел дар навоҳии пойтахти Тоҷикистон - шаҳри Душанбе интиқоли нерӯи барқ аз соати ёздаҳи шаб то соати панҷ субҳ қатъ мегардад.
XS
SM
MD
LG