Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Афзоиши оташсӯзиҳо бар асари бебарқӣ


Дар сӯхторе, ки дар посбонхонаи ширкати кишоварзии "Субҳи нав"-и ноҳияи Ашт, аз шамъ сар задааст, як кӯдаки дусола ба ҳалокат расид. Оташсӯзии дигар дар манзили як сокини шаҳраки Шайдон ҳарчанд бе талафоти ҷонӣ ба поён расид, худи ин манзил аз байн рафт. Сӯхтори дигар, субҳи имрӯз дар бозори "Баракат"-и шаҳри Душанбе, яке аз фурӯшгоҳҳо ва амволи онро нобуд кард. Иҷорагири ин фурӯшгоҳ шоми дирӯз бухории барқиро аз барқ ҷудо накарда, ба хона рафтааст ва субҳи имрӯз ҳангоми шурӯъи интиқоли барқ, бухорӣ сабаби сӯхтор шудааст.

Ба иттилоъи хабаргузории "Варорӯд", дар моҳи ҷорӣ танҳо дар вилояти Суғди Тоҷикистон, ба иллати истифодаи нодурусти василаҳои барқӣ 17 сӯхтор ба амал омад, ки бар асари онҳо ду кӯдак ба ҳалокат расида, амволи зиёде нобуд шудааст. Дар дигар манотиқи Тоҷикистон низ аз зиёд шудани ҳодисаҳои сӯхтор изҳори нигаронӣ мешавад.
XS
SM
MD
LG