Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тоҷикистон дар рейтинги нави FIFA - 125-ум


Тоҷикистон миёни 45 кишвари қораи Осиё дар мақоми 19-ум ва байни кишварҳои Осиёи Марказӣ пас аз Узбакистон дуввум аст. Ҳамчунин Тоҷикистон миёни кишварҳои собиқи Иттиҳоди Шӯравӣ дар ҷойгоҳи ёздаҳум қарор гирифта, аз Озарбойҷон, Қазоқистон, Қирғизистон ва Туркманистон пеш гузаштааст.

Ирон, ки беҳтарин тими миллии қораи Осиё маҳсуб мешавад, дар рейтинги нави FIFA як зина болотар - ба ҷойгоҳи 37-ум баромадааст. Австралия, ки ҳамчун узви Конфедеросиюни футболи Осиё байни кишварҳои ин қора дуввум аст, мавқеъашро дар мақоми 39-ум нигаҳ доштааст. Узбакистон, ки дар қораи Осиё севвум аст, дар байни кишварҳои ҷаҳон дар ҷойгоҳи 45-ум қарор гирифтааст.

Укроин миёни кишварҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ аввал аст ва дар рейтинги нави FIFA мақоми 13-умро касб кардааст. Русия ду зина поинтар - ба ҷойгоҳи 24-ум фуромадааст.

Бразил миёни 207 кишвари аъзои FIFA дар мақоми нахуст аст. Итолиё дар мақоми дуввум ва Аргентина дар мақоми севвум қарор гирифтаанд. Ҳамчунин миёни даҳ тими беҳтарини ҷаҳон Фаронса, Олмон, Инглистон, Ҳолланд, Португол, Нигерия ва Ҷумҳурии Чех ҷойгир шудаанд.
XS
SM
MD
LG