Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷинояткорӣ дар Суғд коҳиш ёфтааст


vb

Ба гуфтаи додситонии Суғд, бо вуҷуди он ки мизони ҷинояткорӣ дар шимоли Тоҷикистон дар соли 2006 рӯ ба коҳиш дошт, вале ҷиноятҳои вазнин бо истифода аз силоҳ дар соли гузашта майл ба афзоиш доштааст. Хайрулло Саидов, додситони Суғд гуфт, ки аз ҷониби мақомоти додситонӣ дар шимоли Тоҷикистон ба сурати умум дар соли 2006 беш аз 3 ҳазор ҷиноят сабт шуд, ки аз соли 2005 наздики 600 адад камтар аст.


Ҷиноятҳои пуровозаи соли 2006 дар шимоли Тоҷикистон ҳамла ба боздоштгоҳи муваққати Қайроқум ва қароргоҳи марзбонони тоҷик дар Исфара будаанд, ки ҳадди ақал 4 низомии тоҷик дар онҳо кушта шудаанд. Ба гуфтаи ин манбаъ, дар соли гузашта 20 аъзои ҲИУ боздошт ва аксарият ба ҳабс маҳкум шуданд.


Додситонии Суғд дар посух ба саволи хабарнигорон дар мавриди ришвахорӣ гуфт, дар соли 2006 бо чунин иттиҳом нисбати 320 мансабдори давлатӣ дар Суғд парвандаҳои ҷиноӣ бозу таҳқиқ шуда ва ба додгоҳ супурда шудааст.


Саидов дар ҷамъи хабарнигорон овозаҳоро дар мавриди ифтитоҳи парвандаи ҷиноӣ алайҳи пайвандони Қосим Қосимов, раиси пешини вилояти Суғд ва худи ӯро беасос хонд ва афзуд, ки дар ҳоли ҳозир дар ин самт аз сӯи додситониҳои вилоят ва навоҳии Суғд ҳеч иқдоме сурат нагирифтааст.
Маъсуми Муҳаммадраҷаб, Хуҷанд
XS
SM
MD
LG