Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пешниҳодҳои иқтисодии Тоҷикистон ба Чин


Имрӯз дар Пекин Анҷумани инвеститсионии Чину Тоҷикистон баргузор шуд, ки дар он чандин барномаи иқтисодии Тоҷикистон ба таваҷҷӯҳи сармоягузорони чиноӣ пешниҳод гардид. Бунёди нирӯгоҳҳои барқи обӣ дар рӯдхонаи Зарафшон ва корхонаҳои шишаву соруҷ ё семент дар ҷануби кишвар ва нирӯгоҳи барқи ангишт дар назди кони ангиштсанги Фону Яғноб бархе аз чунин барномаҳо буданд.


Дирӯз ҳайъати давлатии Тоҷикистон бо сарварии президент Эмомалӣ Раҳмонов бо тарафи чиноӣ 6 созишномаи ҳамкориро ба имзо расонд. Раиси Ҷумҳурии мардумии Чин Ҳу Дзинтао дар поёни расми имзои аснод гуфт, ба ҳукумати худ дастур додааст, ба ҳайси ёрмандӣ ба давлати Тоҷикистон 70 миллион юан тӯҳфа кунад.


Рӯзномаи "China Daily" навишт, барои тарафи Чин муҳим буд, ки "ду кишвар тасмим гирифтанд, манфиатҳои асосии ҳамдигарро ҳимоят кунанд ва робитаҳоро дар риштаҳои маъориф, инержӣ ва кишоварзӣ густариш диҳанд."
XS
SM
MD
LG