Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Фаъолияти даҳ ҳизбу созмон дар Тоҷикистон мамнӯъ эълон шуд


Мақомоти додситонии кулли Тоҷикистон эълон доштанд, ки даҳ созмони ғарирасмии фаъол дар Тоҷикистон ба унвони созмонҳои терористӣ расман шинохта шудаанд. Муовини додситони кулл ва додситони низомии Тоҷикистон гуфт, даҳ созмони мамнуъ элоншуда ба шумули ҲИУ, Ҳаракати таблиғот, Ҷамъияти таблиғот, ҲИТ, Алқоида, ва ғайра умдатан ташаккулҳои мазҳабӣ сиёсӣ ҳастанд. Аммо афзуд у як ҳизби дигаре бо номи ҲТО ба ин феҳрист ворид шудааст.


Бо пешниҳоди додситонии кулл ва қарори додгоҳи олӣ даҳ созмони дигар фаъолияташон мамнуъ ва чун ҳаркати террористӣ эътироф шудаанд. Ва охирин чунин ташкилот Ҳизби Тоҷикистони Озод аст, ки аз ҷониби нируҳои мухолифи давлати Тоҷикистон таъсис шудааст. Ин нируҳо феълан дар хориҷ аз қаламрави кишвар ба сар ме баранд.


Бояд гуфт, то кунун бо қарори додгоҳи олии Тоҷикистон танҳо ҳизби Таҳрир дар қаламрави кишвар аз соли 2000 ба ин ҷониб фаъолияташ мамнуъ эълон шуда буд. Аммо аз мақомоти додситонӣ суол шуд, ки ин ташкилотҳо ва хоса ҲТО оё дар қаламрави Тоҷикистон ба амалиёти террористӣ то кунун даст задаст ё не. Бобоҷон Бобохонов додситони кулли Тоҷикистон дар ин маврид гуфт: «мо интизор нахоҳем нишаст, ки ин ташкилот ба амали терористие даст бизанад ва террорист будани худро маълум кунад ва он гоҳ мо онро ба ин феҳрист изофа кунем. Мо барномаҳои ин ташкилотро омухтем ва медонем ин ташкилоти террористӣ аст ва ба хотири ҷилавгирӣ аз фаъолияти он ба чунин иқдом даст задем».


Ҳизби Тоҷикистони озод бино ба маълумоти мавҷуд аз ҷониби Яраш Қурбонов яке аз фармондеҳони маҳаллии Фронти халлқии собиқ, ки аз ҷонибдорони палковники ошубгар Маҳмуд Худойбердиев буд, таъсис шудааст. Яраш Қурбонов ба гуфтаи мақомоти интизомӣ феълан ба ҷурми барангехтани низоъӣ миллӣ ва тақаллуби аснод, дар зиндоне дар шаҳри Қаршии Узбакистон ба сар мебарад. У дар ду соли пеш аз маҳалли боздошт ба унвони раиси ҷумҳури Тоҷикистон номае тавассути расонаҳо ирсол дошта ва хостори мудохилаи Раҳмонов дар раҳоии худ шуда буд.


Аммо дар ҳамин ҳол бархе аз соҳибназарон бар ин ақидаанд, ки чунин навъи бархуд бо ҳаракатҳое, ки мақомот эътироф доранд, ки мавриди амалиёти террористии онҳоро сабт накардаанд, гунае заминаи сиёсӣ низ метавонад дошта бошад. Ва аз суи дигар аксари ин ҳаракатҳо ташкилотҳои ношинохта барои ҷомеаи Тоҷикистон мебошанд.


Аммо додситони кулли Тоҷикистон, ки дар ҷамъи хабарнигорон суҳбат мекард ҳамчунин роҷеъ ба як ҳодисаи дар марзи Тоҷикистон бо Қирғистон ба вуқуъ пайваста афзуд, ки ин иттифоқ бо айби ҳокими вилояти Боткенти Қирғизистон руй додаст. У гуфт, муноқиша вақте рух додаст, ки ҳокими вилояти Боткент хост, як сарбози нируҳои марзбонии Тоҷикистонро лату куб кунад. Баррасии парвандаи мазкур идома дорад.

Раҳматкарими Давлат, Душанбе
XS
SM
MD
LG