Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар боби бахилӣ


Аз силсилатанзҳои устод Нурулло Абдулло

Ташхис-ул-латоиф. Лутфи VI

Ассалому алайкум, эй хонанда ва эй маҳбуб, ки ба ин сомона нигоҳи гарме дорӣ.

Биё, имрӯз андаке аз боби бухлу хасисии одамон сухан бигӯем ва аз латоифи ба ин мавзӯъ бахшидашуда истифода кунем ва лаззат барем.

Гап дар ин ки на танҳо дуздони давраи Ҳофизу Бедилу Восифӣ аз дуздони имрӯза бо дониш ва сухандонӣ фарқ мекарданд, балки бахилу мумсик ва чашмгуруснаю хасисонаш низ бо фаҳмиши сухан ва таровати гуфтор аз ҳамкорони имрӯзаашон чанд сару гардан боло буданд.

Қиссае аз ҳоли сарватмандони имрӯза:

Як мардаки бойбашара, вале хасиси мурда дӯсти ба худаш монандро ба меҳмонӣ даъват кард. Баробари бо аҳли оила вохӯрдани меҳмон кӯдакони мизбон ба фиқ-фиқу гиря даромаданд.
-Чаро инҳо меирянд?-пурсид меҳмон.
-Э...ин падарқусурҳо гандаодат шудаанд, эътибор надеҳ, - гуфт соҳибхона.
-Яъне чӣ тавр гандаодат?
-Мефаҳмӣ, ҳар меҳмони омада ба дасти инҳо пул медиҳад. Инҳо ба ин чунон одат кардаанд, ки пул надодани ту барояшон аламовар аст.
-Ҳа...ба кӯдаконат фаҳмон, агар аз гиря зунукшон гирифта муранд ҳам амакашон, яъне ман ба ягонташ ягон тин намедиҳам. Беҳтараш, ки фиқ-фиқ накарда аз паи кори худашон шаванд.



Силсилатанзҳои устод Нурулло Абдулло


Акнун, ба латоифи пештара рӯ меорем.

Дарвеше ба дари хонаи бахиле рафт. Бахил аз хона овоз дод, ки
-Эй дарвеш, фардо биё, ки ҷамъе дӯстонро меҳмонӣ хоҳам кард, туро насибе комил диҳам
Дарвеш гуфт:
-Имрӯз он қадар нон деҳ, ки ба фардо расам.
Хоҷа бихандиду ӯро чизе дод.


Ва боз

Рӯзе гадое аз Абдулмалики Марвон, ки дар бухл машҳур буд, чизе талабид.
Гуфт:
-Аз Худо талаб кун,
Гуфт:-Талабидам, ба ту ҳавола кард.
Абдулмалик бихандиду ӯро хушнуд бигардонд.


Ва боз

Дарвеше назди Шаммома, ки дар бухл машҳури араб аст, биёмаду аз ӯ ҳоҷате хост. Шаммома гуфт:
-Ту аввал як ҳоҷати маро барор, то ман ҳар ҳоҷате, ки арз кунӣ, барорам.
Дарвеш гуфт: -Бифармой, ки ҳоҷат кадом аст?
-Ин ки ҳаргиз аз ман ҳоҷат нахоҳӣ.


Дар ҳама ҳолат ҳам гадо ва ҳам бухлпеша бештар ба ҳусни гуфтор ва сухани арзанда баҳо медиҳанд. Мо бошем, зунуки кӯдакут гира, як тин наметум.
XS
SM
MD
LG