Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Интиқоди шадиди тарҳи Буш дар Сенои Амрико


Аъзои аршади демократ ва ҷумҳурихоҳи Сенои Иёлоти Муттаҳида нақшаи президенти Амрико Ҷорҷ Даблю Бушро дар бобати интиқоли нирӯи изофӣ ба Ироқ танқид карданд.

Сенатор Чак Найгел, аз Ҳизби ҷумҳурихоҳи Буш гуфт, президент дар садади "хатарноктарин иштибоҳи сиёсати хориҷӣ аз замони ҷанги Ветнам то имрӯз" аст. Узви Сено аз Ҳизби демократ Ҷозеф Байден тарҳи Бушро на ҳалли мушкили Ироқ, балки як "иштибоҳи фоҷиаомез" номид.


Байден гуфт, аксарият интизори инро доштанд, ки тарҳи нав хуруҷи нирӯҳо аз Ироқ ва паси сар гузоштани Ироқи мӯътадилро пайрезӣ хоҳад кард, вале "дар ивази ин мо шоҳиди густариши ҷанг мешавем."


Ин нуктаҳо дар ҳоле садо доданд, ки вазири умури хориҷии Амрико Кондолиза Райс гуфт, вазъият дар Ироқ ғайриқобили қабул аст, вале қимати шикаст дар Ироқ барои Амрико хеле баланд хоҳад буд.


Ҳизби мухолифи демократ ваъда додааст, ки тарҳи нави Бушро дар музокира ва раъйдиҳии Конгресс қарор хоҳад дод.
XS
SM
MD
LG